Блогерӣ як падидаи нав дар ҷаҳони интернет аст, ки садҳо ҳазор нафар аз қишри мухталиф дар саросари ҷаҳон ба он рӯ овардаанд.
Ба бовари коршиносон, шояд беҳтарин таърифи блогерӣ рӯзноманигории нав бошад, зеро, ин усули нав фардӣ аст, дар он унсурҳои ташкилӣ, аз қабили ҳайати таҳрирӣ ва ғайра вуҷуд надорад.
Нақши блогерони дар тавлиди муҳтаво назаррас аст. Агарчи дар мавриди сатҳу сифати пешниҳоди он баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омадааст. Вале бо вуҷуди ин, онҳо дар интиқоли таҷриба, дониш ва иттилооти худ ба дигарон кумак мекунанд.
Хидмати блогерон
Блогерони зиёдеро метавон ном бурд, ки барои роҳнамоӣ ба муҳоҷирон, забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, бехатарӣ дар фазои маҷозӣ дониши худро қисмат мекунанд.
Олимҷон Ҷураев ва ҳамсараш Таҳмина Саидова омӯзгори забони англисӣ ҳастанд. Онҳо дар “Instagram” саҳифаеро бо номи “JSENG” боз кардаанд ва ҳамарӯза ба ин нафарон забон ёд медиҳанд.
Беҳрӯз Ҳафизов ба ҷуз онки дар маркази забономӯзӣ фаъолият дорад, блогерӣ низ мекунад. Беҳрӯз дар як моҳ 5 рӯзашро ба Instagram мебахшад ва навор таҳияву нашр менамояд.
Саҳифаи “2zabona” дар instagram мутааллиқ ба Аҳмадҷон буда, тариқи он ба ҷавонон ду забон-англисӣ ва чинӣ меомӯзонад.
Саъдӣ Тоирзода Instagram машҳур намуд. Ӯ яке аз аввалин забономӯзонест, ки дар фазои маҷозӣ ба ҷавонони тоҷик бо равиши соддаву осон забон меомӯзад.
Назар Назаров ҳоло як тарабхонаи Олмон ёвари ошпаз аст. Ӯ дар Инстаграм ва Ютуб саҳифа дошта ба истифодабарандагони ин шабакаҳо дарси забони англисӣ меомӯзонад.
Лутфулло Элмуродов ҳоло магистранти Донишгоҳи давлатии Алтай дар шаҳри Барнаул аст. Ӯ дар “YouTube”, “Instagram” ва “Telegram” ба ҳамватанонамон забони русӣ меомӯзад. Дар “Instagram” зиёда аз 80 ҳазор обуначӣ дошта, ба онҳо доир ба муҳимияти забономӯзӣ маъмулот медиҳад.
Тағоймурод Шоинов дар “Instagram” ду саҳифа дорад, ки аввалӣ ҳудуди 60 ҳазор ва дуввумӣ беш аз 10 ҳазор обуначӣ дорад. Дар саҳифаи аввал доир ба кору зиндагӣ дар Лондон маълумот медиҳаду дар саҳифаи дуввум ба мардум забони англисӣ меомӯзад.
Мубориз Аҳадов корбурди муфиди техналогияи муосирро ба ҳамсолонаш ёд медиҳад. Ӯ иттилои азбаркардаашро тариқи YouTube, Instagram ва Tik Tok ба обуначиҳояш қисмат мекунад.
Алишер Раҳимов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буда, саҳифаи “Omuzishi tib” дар Instagram ва Tik-Tok ба ӯ тааллуқ дошта бо наворҳои кутоҳ дар бораи улуми биология, кимиё ва анови гуногуни бемориҳо иттилоъ медиҳад…
Агарчӣ чунин сару садоҳо низ буд, ки баъд аз масдуд гардидани даромадгирӣ аз ҳисоби Шабакаи YouTube бархе блогерон бо ҷамъоварии маблағи хайрия барои бенавоён машғул шуда, аз ин ҳисоб ҳиссаи худро муфт мегирифтанд.
Форуми блогерон
Дарки муҳиммияти блогерон зарур аст. Шояд яке аз сабабҳо ин буд, ки рӯзҳои 26 то 30 апрели соли равон аксари блогерони машҳури кишвар аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар як форум ба ҳам оварда шуданд.
Мавзӯи ҳамоиш “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдориву давлатсозӣ” буд.
Зубайдулло Давлатов, корманди МТС дар оғози форуми блогерон, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон баргузор гардид, ба дастгирии ин гуруҳ аз ҷониби давлат таъкид кард.
Дар ин форум аз блогерон даъват шуд, ки барои дарёфти роҳҳо ба манфиати миллат ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ кумак намоянд.
“Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти воқеӣ табдил ёфтааст. Шабакаи иҷтимоӣ сиёсатсоз, фарҳансоз, вазъиятсоз аст, ҳарчӣ шабакаҳои иҷтимоӣ месозад, мардум онро ба ҳамон шакл қабул мекунад. Баъзан шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатҳоеро ба вуҷуд овард, ҳатто, мақомот, ниҳодҳои давлатӣ ё ВАО-и давлатӣ оҷиз мемонанд.”,-таъкид намуд Раиси кумитаи ҷавонон ва варзиш зимни суханронии хеш дар форум ва таъкид кард, ки бо назардошти зиёд гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи он ба миён омадааст. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода карда мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд.
Блогер Рафаэл Гулов (@rafaelgulov/) мегӯяд, яке аз иштирокчиёни форум буд. “Дар он форум гуфта шуд, ки блогерон чӣ гуна метавонанд ба ҷомеа манфиат оранд. Блогероне, ки наворҳои бадахлоқона омода мекунанд, аз ҷониби мақомот дастгир мегарданд. Бархе аз онҳо танбеҳ дода мешаванд. Оҳиста-оҳиста ин ҷараён таҳти назорат гирифта шуда истодааст.
Чӣ корро анҷом диҳем, ки онҳо наворҳои хуб таҳия кунанд, фикр мекунам ин номумкин аст. Ҳама чӣ аз оила шурӯъ мегардад, вақте мо фарзандони худро тарбия медиҳем, ки хубро аз бад фарқ кунанд, оянда ба чунин хатоҳо онҳо роҳ намедиҳанд. Вақте дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ мекунем. Фикр мекунам мақомот низ наметавонад ҳар блогерро таҳти назорат гирад.
Блогероне, ки аудуторияи бузург доранд, наворҳои муфид ба ҷомеаро зиёд кунанд, фикр мекунам нафъашон бештар ба ҷомеа мерасад.
Агар мақомот, кумитаҳои дахлдор бо блогерон ҳамкорӣ кунанд, онҳо дар ҳама соҳаҳо метавонанд фоидаовар бошанд.”,-таъкид кард ин блогер.
Муҳаммад Ҳисайнов, (@doctor.covid_19) фелдшери 33-сола замони оғози эпидемияи коронавирус баъд аз муроҷиати видеоӣ ба ҳамкасбонаш машҳур гардиду айни ҳол дар баробари табибӣ фаъолияти блогерӣ низ мекунад.
Ба қавли ин нафар, блогерон бе дуздии навори дигарон, бидуни таҳдиду жантаж низ метавонанд обуначӣ дошта бошанд.
Блогер Умед Раҳмонӣ, (@umed.tajone/) ки мегӯяд, на ҳама блогерон эътироф мекунад. Ба таъкиди ин нафар, блогерон бояд фазоро омӯзанд, муҳтавоеро, ки дар сегменти тоҷикӣ вуҷуд надорад, онро офаранд ва тақлид накунанд.
Баҳсҳои ахир атроф танзими фаъолияти ин табақа дар доираи қонун аст. Ҳафтаи гузашта дар идораи “Азия-Плюс” бо ширкати рӯзноманигорону блогерон ва намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавзӯи “Андозбандии фаъолияти блогерӣ дар Тоҷикистон” мулоқот баргузор гардид. Масъаллаи танзими фаъолияти блогерон дар доираи қонун ҳам зикр гардид.
Ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО Ранжет Ятимов мегӯяд, дар он баҳс низ қайд кард, ки ҳеҷ зарурати танзими фаъолияти блогерон дар қонунҳои нав вуҷуд надорад ва фаъолияти онҳоро дар доираи қонунҳои нав метавон танзим намуд.
Андозбандии блогерон
Намояндагони Кумитаи андоз дар ин баҳс гуфтанд, блогер баъди гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ дар низоми содакардашуда фаъолият карда, андоз ва эъломияро ба тарзи сода пешниҳод мекунад.
Блогер-соҳибкор аз даромади умумӣ бо усули хазинавӣ 6% андоз месупорад. Масалан, агар ӯ дар як сол 100 ҳазор сомонӣ даромад гирифта, 100 ҳазор сомонӣ хароҷот дошта бошад, 6 ҳазор сомонӣ андоз пардохт мекунанд.
Усули дигар тарҳи хароҷот аст, ки 18% мебошад. Мисол, агар блогер дар давраи ҳисоботи семоҳаи худ 100 ҳазор сомонӣ даромад гирифта, 99 ҳазор сомонӣ хароҷот карда бошад, пас 99 ҳазор сомонӣ тарҳ гардида, аз 1 000 сомоние, ки фоида мемонад, 18% андоз месупорад.
Блогер — соҳибкори инфиродӣ бояд 15-уми ҳар се моҳ эъломия пешниҳод кунад.
Агар блогер — соҳибкор корманди кироя гирад, аз маоши ӯ 12% андоз пардохт мекунад. Инчунин, барои коргари кирояаш 20% андози иҷтимоӣ месупорад. Ҳисоботи андози кормандон ҳар моҳ то 15-уми моҳи навбатӣ пешниҳод мешавад.