БИЗНЕС-КЛУББозори саҳомии ширкатҳои технологии ИМА пас аз хабарҳо дар...

Бозори саҳомии ширкатҳои технологии ИМА пас аз хабарҳо дар бораи даромади OpenAI барқарор мешавад

-

Ахиран фючерсҳои саҳмияҳои ширкатҳои технологии Амрико пас аз коҳишёбӣ дубора боло рафтанд. Сабаби ин тағйирот хабар дар бораи он буд, ки даромади солонаи OpenAI — ширкати таҳиякунандаи ChatGPT аз пешбиниҳо 20 миллиард долларкамтар аст. Ин хабар як рӯз пеш боиси коҳиши 1,25-дарсадии шохиси Nasdaq шуда, ба саҳмияҳои истеҳсолкунандагони микросхемаҳо ва ширкатҳои бузурги хизматрасониҳои абрӣ таъсири манфӣ расонд. Рӯзи 8 октябр рӯзномаи Financial Times хабар дод, ки тибқи маълумоти ба сармоягузорон пешниҳодшуда, даромади солонаи OpenAI, ки бар асоси нишондиҳандаҳои фурӯши охирин барои тамоми сол ҳисоб шудааст, то охири моҳи сентябр ба 50 миллиард доллар наздик шудааст. Ин нишондиҳанда тақрибан 20 миллиард доллар камтар аз рақамест, ки ширкат як моҳ пеш пешбинӣ карда буд.

Шохиси технологии Nasdaq Composite 1,25 дарсад коҳиш ёфта, тақрибан ба 27 193 нуқта расид. Шохиси Philadelphia Semiconductor, ки саҳмияҳои ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи микросхемаҳои Амрикоро пайгирӣ мекунад, 3,4 дарсад поин рафт. Афзоиши нархи нафт низ ба бозор фишори иловагӣ овард.

Фарқи байни рақамҳо маънои онро надорад, ки OpenAI нақшаи даромадро иҷро накардааст ё як қисми фурӯшашро аз даст додааст. Арзёбии тақрибан 70 миллиард доллар пешгӯии худи ширкат набуда, балки натиҷаи ҳисоб бо истифода аз усули дигари баҳисобгирии даромад будааст.

Тибқи маълумоти Financial Times, рақами баландтар пас аз он ба даст омадааст, ки сармоягузорони OpenAI фурӯши ширкатро бо усули рақиби он — Anthropic аз нав ҳисоб кардаанд.

Anthropic хароҷоти муштариёнро барои истифодаи моделҳои зеҳни сунъии худ тавассути платформаҳои абрӣ, аз ҷумла Amazon Web Services ва Google Cloud, ба даромади худ дохил мекунад. Аммо OpenAI чунин фурӯшро ба ҳамин тарз ҳисоб намекунад.

Агар рақамҳо мустақиман муқоиса карда шаванд, нишондиҳандаи OpenAI аз 65 миллиард доллар (58 миллиард евро), ки тибқи гузоришҳо Anthropic то охири моҳи июл ба даст овардааст, камтар мебошад. Бо вуҷуди ин, фарқият дар усулҳои баҳисобгирӣ муқоисаи мустақими ин нишондиҳандаҳоро душвор мегардонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...

17 хатари ҷаҳонӣ ба саломатии инсон: истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ яке аз онҳост

Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ ё ҷанги ҳастаӣ метавонад то соли 2100 ба мавҷудияти инсоният дар шакли имрӯзаи он хотима...

Дар Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург натиҷаҳои манъи кори муҳоҷиронро арзёбӣ кардаанд

Маҳдудиятҳои ҷорӣ барои ҷалби муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои таксӣ ва расонидани фармоишҳо дар Санкт-Петербург натиҷаи мусбат додаанд. Аммо...
spot_imgspot_img

Муовини вазири маориф ва илми кишвар бо Васлида Сафарзода мулоқот кард

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар бо Васлида Сафарзода, духтараки 9-солаи соҳибистеъдод аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд,...

Қуръакашӣ барои артиш. Корти сиёҳ -раҳоӣ аз хидмат

Ҳазорон марди тайландӣ моҳи апрел дар қуръакашии даъвати ҳарбӣ иштирок мекунанд. Натиҷаи он муайян мекунад, ки онҳо ба хизмати ҳарбӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад