Ширкати OpenAI бо чанд фонди сармоягузории Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи ҷалби маблағ музокира дорад. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад.
Ба иттилои агентӣ, сармоягузорони араб, аз ҷумла фонди MGX, ки дар Абу-Дабӣ қарор дорад, қасд доранд синдикате таъсис дода, барои ширкати таҳиякунандаи ChatGPT то 10 миллиард доллар сармоягузорӣ кунанд.
Ин маблағ метавонад бахше аз як даври бузурги ҷалби сармоя ба ҳаҷми на камтар аз 30 миллиард доллар бошад. Дар ин ҳолат арзиши ширкат метавонад ба 1,4 триллион доллар расад.
Ба ин гурӯҳ инчунин эҳтимол аст ширкати сармоягузории BlackRock Inc. ҳамроҳ шавад. Аз ҷумлаи дигар сармоягузорони эҳтимолӣ инчунин сармоягузорони кунунии OpenAI — Thrive Capital ва Andreessen Horowitz номбар мешаванд.



