Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод намояд. Ӯ узвият дар ИА-ро интихоби стратегӣ барои ҳифзи демократия номида, таъкид кард, ки шаҳрвандони Арманистон бояд роҳи ояндаи кишвари худро мустақилона интихоб кунанд.
«Соли оянда метавонем дар бораи воқеӣ будани ин иқдом сухан гӯем. Соли 2028 низ воқеӣ аст. Мо равандеро оғоз кардем, ки дар ниҳоят ба қабули қарори расмӣ дар бораи дархости узвият дар Иттиҳоди Аврупо оварда мерасонад.», — гуфтааст ӯ.
Моҳи август Пашинян зимни суханронӣ дар парлумони кишвараш изҳор дошта буд, ки ҳукуматаш ният дорад дар ояндаи наздик барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархост пешниҳод кунад. Ин иқдом метавонад Арманистонро аз доираи нуфузи Маскав дуртар бурда, ба Брюссел наздик созад.
Бо вуҷуди ин, Ереван то ҳол дархости расмии узвиятро пешниҳод накардааст. Ҳамзамон Арманистон бо Комиссияи Аврупо дар масъалаи озодсозии низоми раводид гуфтугӯ дорад ва умедвор аст, ки ин раванд то соли 2029 анҷом меёбад.



