ЗАБОНОМӮЗӢНокомӣ, муҳоҷирату савдогарӣ. Зиндагии пуршебу фарози забономӯз

Нокомӣ, муҳоҷирату савдогарӣ. Зиндагии пуршебу фарози забономӯз

-

Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Саъдӣ Тоирзодаро Instagram машҳур намуд. Ӯ яке аз аввалин забономӯзонест, ки дар фазои маҷозӣ ба ҷавонони тоҷик бо равиши соддаву осон забон меомӯзад. Вале то расидан ба ин марҳала зиндагии пуршебу фарозе дошта, машаққати муҳоҷиратро низ чашидааст, дар бозорҳои Душанбе низ савдогарӣ кардааст.

Саъдиро мардум “акаи Саъдӣ” хитоб мекунанд. Ӯ муаллими забони англисӣ буда, бо усули хос саҳифаашро дар Instagram гардонандагӣ мекунад ва беш аз 80 ҳазор обуначӣ дорад. Ӯ калимаву ибора ва ҷумлаҳои маъмул ва серистеъмоли забони англисиро ба таври содда ба обуначиҳояш мефаҳмонад.

Саъдӣ яке аз блогерони шинохтаи тоҷик аст, ки муҳтавои сегменти тоҷикии Instagram-ро мусбат тағйир дод. Агарчи ин муваффақият осон ба даст наомадааст.

Замони мактабӣ мехост рӯзноманигор шавад, вале муваффақ нашуд. Зеро, ба донишгоҳ натавонист роҳ ёбад. Бинобар ин, дар бозори “Деҳқон”-и пойтахт ба фурӯши сабзавот машғул шуд. Соли баъдӣ тариқи бурсия бо ихтисоси муаллим-тарҷумон ба донишгоҳ роҳ ёфт. Пас аз як соли таҳсил ба муҳоҷират рафт. Чор сол дар муҳоҷират монд. Ду соли аввал бо шаҳрвандони Туркия кор кард, дар ин муддат маҷбур шуд, ки забони туркиро низ омӯзад.

“Дар муҳоҷират азобҳои зиёд кашидам, махсусан замоне, ки бо туркҳо кор мекардам. Мо маҷбур будем, ки забони туркиро омӯзем, зеро, корфармо бо забони русӣ суҳбат намекард. Дар се моҳ забони туркиро омӯхтам ва каме корам осон шуд. Бо вуҷуди сардиҳо Русия маҷбур будам, ки дар ин кишвар монам, кор кунам ва қарзҳоямро баргардонам, модарамро табобат кардам ва пасон омадам.”,-ба ёд овард ӯ.

Пас аз чор соли муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашт. Мехост пас аз аёдати волидайн дубора ба Русия равад, вале модар розӣ набуд ва аз Саъдӣ хоҳиш кард, ки таҳсилашро идома диҳад.

Ҳамин тавр, Саъдӣ таҳсилро давом дода, ҳамзамон ба омӯзиши забони англисӣ ҷиддӣ машғул шуд. Ба дарсҳои иловагӣ мерафт, худомӯзӣ мекард…

Саъдӣ бо усули хос видеоҳои омӯзишиашро дар Instagram нашр мекунад. Бархеҳо мегӯянд, чунин корро дар Тоҷиистон аввалин бор Саъдӣ таҷриба кард:

“Аксарият мегӯянд, ки ман оғоз кардаам, вале ман инро дар номи худам навиштанӣ нестам, зеро, ба ин кор чандин муаллим машғул буданд… Дуруст аст, ки ман вақти зиёдамро дар Instagram сарф мекунам, вале бояд бигӯям, ки дар баробари омӯзонидан ё ба саволҳо ҷавоб додан, худ низ меомӯзам.”,- илова кард ӯ.

Instagram Саъдиро машҳур кард ва мардум ӯро шинохтанд. Аз дохилу хориҷи кишвар пешдиҳоди корӣ мегирад.

Ҳоло Саъдӣ бо Беҳрӯз Ҳафизов курси муаллифии хешро бо номи “English 24” муаррифӣ доранд. дар ин курси “онлайн”-ӣ 24 дарси муҳими забони англисӣ ҷойгир шудаааст. Курс барои чор моҳ пешбинӣ шудааст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Парлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

Вакилон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ аз...

Вакилон аз тағйирот ба созишнома оид ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия

Имрӯз, 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид...

Дар соҳаи тандурустӣ 1432 мутахассис намерасад

Норасоии кормандони соҳаи тандурустӣ соли гузашта 1432 нафарро ташкил додааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,...

Ширкатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» гузаранд

Ширкати OpenAI пешниҳод мекунад, ки ҳафтаи кории чаҳоррӯза "бидуни кам кардани маош" аз ҷониби коргоҳҳо таҷриба шавад. Ширкати Nvidia...
spot_imgspot_img

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар...

Рақобат барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз шуд

Имрӯз, 7 апрел озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад