CАЙЁҲАТТаваҷҷуҳи муҳоҷирон ба Англия. Қаллобон бо кадом роҳ фиреб...

Таваҷҷуҳи муҳоҷирон ба Англия. Қаллобон бо кадом роҳ фиреб мекунанд?

-

Ҷамъоварии қулфинай дар Англия. Ин акс ва акси асосӣ аз Шабакаи интернет

Вақтҳои охир ҷавонон бештар майли сафар ва кор дар Британияи Кабирро доранд.

Музди меҳнати хуб, шароити беҳтар нисбат ба Русия муҳоҷиронро ба ин кишвар моил сохтааст.

Аммо барои ин, чи чизро бояд донист ва кадом корҳоро анҷом дод то ба доми қаллобон наафтод.
Барои кор дар Британияи Кабир ҳатман бояд раводиди (Visa) кории ин кишварро (категорияи 5) дошта бошед.
Раводид (Visa) барои кори мавсимӣ ба муддати 6 моҳ дода мешавад!
Агар мехоҳед, муҳоҷири қонунӣ бошед, баъди ба поён расидани муҳлат кишварро тарк кунед. Дубора ҳуҷҷатҳои худро дуруст карда, боз ба ин кишвар сафар кунед.
Танҳо ширкате Шуморо ба кор даъват карда метавонад, ки Британияи Кабир ба ӯ иҷозатнома дода бошад.
Ту метавонӣ аз тариқи сомонаи uk.gov маълум кунӣ, ки ширкати даъваткунанда иҷозатнома дорад ё не?
Самти фаъолияташ чист?
Муҳлати иҷозатномаи ширкат ба поён расидааст ё не?

Акс аз саҳифаи фейсбукии Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе
Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе бо нашри муроҷиатномае хабар медиҳад, ки аз афоиши пешниҳодҳои қаллобон барои кор дар Британияи Кабир огоҳ ҳастанд. Бинобар ин, ҳушдор додааст, ки ба ширкати масъул муроҷиат бояд намуд.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе

Ба бовари блогер Муҳаммад Шарипов, ки таҷрибаи кор дар Англияро дорад, шинохтани нафарони алоҳида ё ширкатҳои қаллоб хеле содда аст:

«Одамон ё ширкатҳое, ки фиреб кардан мехоҳанд, бо нишонаҳои муайян фарқ мекунанд. Яъне, чӣ: диққат ҷалб кардан ва маблағ ба даст овардан. Барои диққат ҷалб кардан чӣ лозим мешавад, ваъдаи муфт додан, яъне, мегӯянд, кафолат медиҳем, ки ту визаро мегирӣ. Нишонаи аввал. Дуюм, маблағи бузург мегӯянд. Ҳамин гуна талаби мабағи калонро шарҳ медиҳанд, ки мо ба хотири онки дар ин ё нафарро “мехӯронем”, ки визаи туро медиҳанд. Визаро ягон нафар харида наметавонад. Ягон нафар воситабозӣ карда наметавонад!»

Рӯзноманигор Муҳайё Нозимова, ки тариқи саҳифаҳои иҷтимоии хеш  бобати кору таҳсил дар хориҷ маълумоти муфид ироа мекунад, борҳо таъкид кардааст, ки зимни таҳияи аснод барои ба даст овардани раводиди Англия аз эҳтиёт кор бигиранд то ба доми қаллобон гирифтор нагарданд.

Муҳайё Нозимова дар пахши мустақим бобати кор дар Англия мегӯяд. https://www.instagram.com/tv/Cmq9-pUDDdP/?igshid=MzRlODBiNWFlZA==

Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе даъват мекунад, ки барои дархостҳои раводиди Британия танҳо тавассути TLScontact муроҷиат шавад.
TLScontact ягона шарики расмии Хадамоти раводид ва муҳоҷирати Британияи Кабир дар Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, аз шахсони алоҳидае, ки ваъдаи кумак мекунанд, ҳазар кунед.
Маълумоти бештарро дар эксплейнери навбатии мо пайгирӣ намоед:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
8
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад