Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и онҳо ҳушдор фиристодааст. Дар ин бора Карстен Вилдбергер, вазири рақамикунонии Олмон, дар барномаи телевизионии Bericht aus Berlin хабар дод.
«Эҳтимол дорад, ки баъзе дастгоҳҳо рахна шуда бошанд», — гуфтааст Вилдбергер.
Рӯзномаи Bild бо такя ба санадҳои Идораи федералии амнияти технологияҳои иттилоотии Олмон (BSI) навиштааст, ки Apple аз 29 октябр фиристодани огоҳиномаҳо дар бораи эҳтимоли рахна шудани дастгоҳҳоро оғоз кардааст.
Дар огоҳиномаҳо ширкат аз ҳамла бо истифода аз барномаҳои ҷосусии тиҷоратӣ, ки бо номи Mercenary Spyware маъруфанд, ҳушдор додааст. Ин гуна барномаҳо барои дастрасии беиҷозат ба дастгоҳҳои электронӣ истифода мешаванд.
Бо ёрии чунин барномаҳо ҳакерҳо метавонанд паёмҳои қурбониёнрон бихонанд, ҷойгиршавии онҳоро пайгирӣ кунанд ва ҳатто микрофону камераи дастгоҳро фаъол созанд.
Аммо аз огоҳиномаҳои Apple маълум нест, ки ҳамлагарон воқеан муваффақ шудаанд ё на. Ҳамчунин, то ҳол маълум нест, ки дар паси ин ҳамлаҳо кӣ қарор дорад.
Намояндагони BSI изҳор доштаанд, ки дар айни замон дар бораи сабабҳои мушаххас ва заминаи фиристодани ин огоҳиномаҳо маълумоти бештар надоранд.
Ба навиштаи Bild, ин ҳодиса метавонад дар ҳамоиши сатҳи баланди ҳукумати Олмон оид ба технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ҳамоиш рӯзҳои 2 ва 3 ноябр дар Берлин баргузор мешавад.



