МУВАФФАҚИЯТ"Лайфхак"-ҳои Мубориз кори ҳамсолонашро осон мекунад (Видео)

«Лайфхак»-ҳои Мубориз кори ҳамсолонашро осон мекунад (Видео)

-

Мубориз Аҳадов корбурди муфиди техналогияи муосирро ба ҳамсолонаш меомӯзонад.

Ӯ иттилои азбаркардаашро тариқи YouTube, Instagram ва Tik Tok ба обуначиҳояш қисмат мекунад.

Мубориз 29 сол дошта, ҳоло дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ менамояд.

“Машваратдиҳӣ ё худ омода кардани наворҳо дар шакли “лайфхак” дар зеҳни ман набуд, балки чанде пеш мушкили насбу коркарди барномаи “Чӣ гап” пеш омад. Худам омӯхта, ҷараёни корро сабт намуда дар интернет гузоштам. Наворро мардум хуб қабул карданд ва аз ҳамон вақт омодаву пахши ин гуна наворҳо бароям ба як кори дӯстдоштанӣ табдил ёфт.”, — мегӯяд Мубориз.  

Мубориз барои наворҳояш бо ду роҳ мавзӯъ меёбад: худаш навгониҳои олами техникаро ҷустуҷӯ мекунад ё обуначиҳояш ба ӯ муроҷиат мекунанд то муаамояшонро ҳал намояд. Масалан, чӣ тавр паёмҳои ҳазфшударо дар паёмрасони WhatsApp мутолиа кард. Ё чӣ тавр метавон тарзе паём навишт, ки пас аз хондани мухотаб паём худ ҳазф шавад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои омода кардани як навор ба ӯ вақти зиёд лозим аст. Ӯ мавзӯро интихоб, меомӯзад ва дар таҷрибаи худ амалӣ намуда, сипас сабту танзим мекунад.

Ҳоло қаҳрамони мо аз ин кораш фоидаи молӣ ба даст намеорад, балки аз ҳисоби тиҷорат рӯз мегузаронад.

“Ростӣ, аз шуғлам фоидаи молӣ ба даст намеорам, вале ба ин васила ман метавонам тиҷоратамро сайқал диҳам. Яъне, обуначиҳоям махсус наворҳои машваратии маро бисёр тамошо мекунанд ва ман дар ширкати Алабум ба фурӯши телефонҳо машғулам, ки аз ин тариқ метавонам кори асосиямро тарғиб кунам.”

Мубориз дар бораи тарки ин кораш ҳатто фикр накардааст ва дар оянда нақша дорад, ки то қадри имкон барои беҳтар намудани дониши техникии мардум, махсусан ҷавонон заҳмат мекашад.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад