Барномаи расмии украинии «Ҳушдори ҳавоӣ», ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи сайберӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, ба корбарон паёмҳои бардурӯғ дар бораи хатари радиатсионӣ ва кимиёвӣ, инчунин таҳдиди задухӯрдҳои дар кӯчаҳо шаҳри Киев фиристода шуданд.
«Имрӯз шахсони бегона ба кори барнома дахолати беиҷозат карданд. Мо огоҳиномаҳои push-ро ғайрифаъол намуда, фаъолияти барномаро муваққатан боздоштем», — гуфта мешавад дар паёми таҳиягарони барнома дар Telegram.
Таҳиягарон аз корбарон даъват карданд, ки ба пайвандҳои дар огоҳиномаҳои шубҳанок ҷойгиршуда нагузаранд.
Шаби 2 ноябр гурӯҳи таҳиягарон хабар дод, ки фаъолияти хизматрасонӣ пас аз ҳамлаи сайберӣ тадриҷан барқарор мешавад. Ба гуфтаи онҳо, корбарон дубора гирифтани огоҳиномаҳо дар бораи ҳушдори ҳавоиро оғоз кардаанд, ҳарчанд баъзе имкониятҳои барнома ҳанӯз муваққатан дастнорас буданд.
Ҳамзамон Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ дар бораи ҳамлаи ҳакерӣ ба барномаи мобилии худ хабар додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, барнома мавриди «ҳамлаи густурдаи сайберӣ» қарор гирифта, ҳамлагарон ба корбарон паёмҳои бардурӯғ дар бораи гӯё ба самти Русия партоб шудани кулоҳакҳои ҷангии ҳастаӣ фиристодаанд.
Дар вазорат хабар доданд, ки мутахассисон барои бартараф кардани осебпазирии низом ва барқарор кардани фаъолияти муқаррарии хизматрасонӣ кор мекунанд.



