БОЛМуаллими англисӣ баъди кори тарабхона омӯзгориро дар YouTube ва...

Муаллими англисӣ баъди кори тарабхона омӯзгориро дар YouTube ва Instagram идома медиҳад

-

Назар Назаров хатмкардаи зинаҳои бакалавр ва магистри Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буда, собиқаи 7-солаи омӯзгорӣ дар марказҳои забономӯзӣ дорад ва ба шогирдон забони англисӣ омӯзондааст.

Ҳоло як тарабхонаи Олмон ёвари ошпаз аст. Ӯ дар барномаи навбатии «Бол» доир ба забондонӣ, омӯзгорӣ, волонтёрӣ ва кори тарабхонаву нақшаҳои ояндааш гуфт.

«Дар Ватан корам хуб буд. Бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва донишу малака ҳамчун волонтиёр ба Олмон омадам. Имкон ба даст овардам, ки ба дигар давлатҳои Аврупо сафар карда, дониши худро такмил намоям.», — гуфт ӯ.

Назар як сол ҳамчун ихтиёрӣ фаъолият карда,  акнун дар як тарабхона корашро идома медиҳад. Агарчи кори тарабхона барояш шавқовар нест, вале маҷбур аст то як соли дигар кор кунад. Агар давоми як соли оянда дипломаш тасдиқ шавад, имкон пайдо мекунад, ки дар дилхоҳ мактаб аз фанни забони англисӣ дарс гӯяд.

Ӯ дар Инстаграм ва Ютуб саҳифа дошта ба истифодабарандагони ин шабакаҳо дарси забони англисӣ меомӯзонад.

«Дарсҳое ки ҳоло дар Ютуб мегузарем, барои обуначиҳоям мувофиқанд. Ин корам имкон медиҳад, ки забони англисиро фаромӯш накарда, балки такрор кунам.»,- илова кард Назар.

Назар рӯзҳои истироҳат ба дигар давлатҳои Аврупо сафар кардан мехоҳад то ҷаҳонбиниашро васеъ намуда, баъди бозгашт ба Ватан аз таҷрибаву ҷаҳонбиниаш ба шогирд нақл намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтааст, ки 2 миллиард бех дарахт шинонад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби...

Сардори Хадамоти алоқа: муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд!

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» боздид карда, бо вазъи шабакаҳо, сифати...

Хотираи чашмаҳои хушкшуда

Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне...

Навсозии номуваффақи Apple дар пасманзари як қатор қатъшавиҳои бузурги хизматрасониҳо дар рӯзҳои охир боис шуд

Пас аз насби навсозӣ аз ҷониби Apple, як қатор хизматрасониҳои он дар интернет ба таври васеъ аз кор монданд....
spot_imgspot_img

Дар Қазоқистон «риелторҳо»-ро аз даромати муфт маҳрум мекунанд

Дар Қазоқистон мехоҳанд риелторҳо аз шахсоне, ки онҳоро киро накардаанд, ҳаққи хизмат нагиранд. Зеро, ин амал қариб ба як меъёр...

СММ ва Попи Рум Лео XIV даъват карданд, ки кишварҳо қоидаҳои сахттарро барои силоҳҳои худмухтор мувофиқа намоянд, то онҳо бе иштироки инсон дар бораи...

Ахиран таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роботҳои қотил ва ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангӣ равона шудааст. Намояндагони ҳукуматҳо баҳсҳоро фаъолтар намуда, дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад