ОЛАМИ МАҶОЗӢБарои пок кардани маълумоти бе иҷозати Шумо нашргардида чӣ...

Барои пок кардани маълумоти бе иҷозати Шумо нашргардида чӣ кор бояд кард?

-

Чеҳра, бадан, либоси шумо, ки шахсияти шуморо муайян мекунад, маълумоти шахсии шумост! Ҳар касе, ки шуморо акс ё видео мегирад, ҳар куҷое нашр мекунад, шумо ҳақ доред, ки онро пок кунед.

Ҳуқуқ ба ҳазф ё пок кардани чунин маълумот як масъаллаи дахлнопазирист. Дар аксар кишварҳо шаҳрвандон метавонанд аз ҳама гуна манбаъ (вебсайт, шабакаи иҷтимоӣ, мессенҷер ва ғайра) талаб кунанд, ки маълумоти шахсии ӯро нест намоянд.

Оё медонед, ки дар Тоҷикистони мо чӣ гуна аст? Акнун чунин меъёр дар кодекси нави мадании Тоҷикистон ҷой гардид, вале тариқи судӣ. Ин Кодекс аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад:

Агар дар шабакаи интернет, рӯзнома, китоб, барномаи телевизионӣ маълумоте ҷойгир шавад, ки ҳуқуқҳои шахсии Шуморо вайрон мекунанд суд метавонад паҳн намудани иттилооти дахлдорро манъ намояд. 

Дар ҳолате, ки агар иттилооти мазкур баъди паҳншавӣ дар шабакаи интернет дастрас гардида бошад, шахси гунаҳгор бояд онро бо тарзе, ки дастрасии раддияро ба истифодабарандагони интернет таъмин мекунад, рад намояд. (мазмун аз Моддаи 230-и Кодеки мадани ҶТ)

Ба ин монанд садҳо саҳифаи дигарро метавон пайдо кард

Чанд ҳолати бе иҷозат нашри аксу наворҳои шаҳрвандон бо мақсади беобрӯ кардани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муаян ва шахсоне, ки ин амалро содир карданд, дастгир шуданд. Ду ноболиғ, ки яке 16 ва дигаре 15 сола мебошанд дар шабакаи иҷтимоии инстаграм бо номҳои “hodisa tv” ва “hodisa rezerv” саҳифаи кушода аксу наворҳои духтаронро бе иҷозат нашр мекардаанд. Ба ин монанд шаҳрвандон Бобозода Ноёб ва Исроилзода Муҳаммадҳусейн низ аксу наворҳои шаҳрвандонро бе иҷозат дар интернет нашр мекардаанд, ки нисбаташон чораандешӣ шудааст…

Ҳодиса TV –саҳифае дар шабакаи инстаграм  аст, ки  ҳама гуна наворро нашр мекард. Бархе истифодабарандагони интернет низ наворҳои гуногунро бо шиори “Ҳодиса TV бқапш” мефиристоданд. Бо тақлид ба ин саҳифа садҳо саҳифаи монанд низ боз гардид, ки мушаххас кардани соҳибони онҳо мушкил аст. 

Ин саҳифаҳо бештар робитаи маҳрамонаи мардумро дар кӯчаҳо ва марказҳои дилхӯшӣ ба навор гирифта дар интернет нашр мекунанд. То имрӯз садҳо навор нашр шудаанд.  Бештар духтарон ҳадафи ин саҳифаҳо қарор мегарданд.

Онҳое ки аксу наворашон ба ин саҳифа меафтад, бар ивази маблағ, бо зораву тавалло ё дигар роҳ аз соҳибони саҳифа хоҳиш мекунанд, ки маълумоти онҳоро пок созанд. Баъзе наворҳо ҳафз мешаванду баъзеашон боқӣ мемонанд. Дақиқ нест, ки ҳадафи онҳо ислоҳ кардани вазъият ё беобрӯ кардани мардум? 

Саодатро нафаре ношиносе дар нақлиёти ҷамъиятӣ бе иҷоза акс гирифта, дар Тик Ток гузошт. Ин ҷавондухтар ҳуқуқшинос аст ва барои ҳимояи ҳуқуқи хеш хеле талош кард.

Ӯ дар ин бора ба мо нақл кард, ки чӣ корҳоро анҷом дод ва натиҷа чӣ буд?

Пеш аз асри технология ва таҳаввулот дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, кирдорҳое аз қабили вуруди беиҷозат ба хонаҳои мардум, тафтиши ғайриқонунии почта ва сабти гуфтугӯҳои телефонӣ мисоли равшани нақзи ҳуқуқи дахолатнопазирӣ маҳсуб мешуданд, вале бо вуруди инсоният ба асри техналогия, мушкилоти  наве ба миён омад. Ба далели он, ки имрӯзҳо нигоҳдории иттилоот ва дастраси умум гардонидани он аз ҳарвақта хеле осон ва арзонтар аст, фаъолони соҳаи ҳуқуқи инсон ва интернет ва созмонҳои марбута аҳамият ва зарурати ҳифзи иттилоотро таъкид мекунанд. Интернет мушкилоти навро дар робита ба ҳифзи дахолатнопазирӣ ба миён овард; интернет аз як тараф барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории бемаҳдуди маълумоти шахсӣ замина фароҳам оварда, ба ин васила иттилооти хусусии одамонро ба муддати номаълум дастрас мекунад.

Мутобиқи Фармони Президенти кишвар «Дар бораи муайян намдани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ” аз 16-уми майи соли 2020, №1537 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян шдудааст. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ваколатдор аст, ки сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсиро амалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намояд.

Роботҳои муҳаррикҳои ҷустуҷӯӣ давра ба давра вебсайтҳоро аз назар мегузаронанд ва нусхаҳои саҳифаҳоро дар кэши сервери худ нигоҳ медоранд. Азбаски ҳангоми таҳлили дархостҳои ҷустуҷӯӣ ҳама маълумоти дарёфтшуда ба назар гирифта мешаванд, баъзан мундариҷаи номатлуб барои шахс «дарди сар» эҷод мекунад.

Таҷриба нишон медиҳад. Агар маълумоти махфӣ ё ғайриқонунӣ дар шабака ҷойгир карда шавад, онро инчунин тавассути тамос бо системаҳои ҷустуҷӯ мустақиман нест кардан мумкин аст. Ҳам Google ва ҳам Яндекс шаклҳои фиристодани дархостҳо доранд. Ин усул барои маълумоте, ки бидуни огоҳии корбар ба шабака ифшо шудааст ё ба амнияти ӯ таҳдид мекунад, мувофиқ аст. Он метавонад:

аксҳо ё видеоҳо;

нусхаи ҳуҷҷатҳо ва реквизитҳои бонкӣ;

мавод дар бораи ҳаёти шахсӣ;

скриншотҳои мукотиба.

Чӣ гуна аз google маълумотро ҳазф кард

Аммо агар аз сомонаҳое, ки маълумот вуҷуд дорад, пок нагардида бошад, маълумот дар Интернет боқӣ мемонад ва бе пайванд (линк) ба он, дарёфти мавод хеле мушкилтар хоҳад буд…

Ҳар яки мо барои пешгирӣ аз чунин амалҳо чӣ коре карда метавонем?

  1. Пеш аз ҳама барои дастнорас будани маълумоти шасхсиятон барои шахсони бегона саҳифаҳи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пушида “закритый профил” кунед.
Амали 1
Амали 2
Натиҷа

2.Агар касе маълумоти нафари дигарро нашр кард, аз ғами каси дигар шод нашавед, ки касеро расво шудааст. Лайк нагузоред ва шарҳ нанависед.

3.Дар бораи чунин муҳтаво ва шабака шикоят кунед! Дӯстон ва оилаи худро ба ин даъват кунед. Якҷо мо намегузорем, ки чунин муҳтаво паҳн шавад.

Шикоят кардан
Ҳамчун спам ҳисоб кардан

4. Ҳеҷ гоҳ аксу видеои дӯстонатонро нашр накунед, агар онҳо ба шумо иҷозат надода бошанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Парлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

Вакилон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ аз...

Вакилон аз тағйирот ба созишнома оид ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия

Имрӯз, 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид...

Дар соҳаи тандурустӣ 1432 мутахассис намерасад

Норасоии кормандони соҳаи тандурустӣ соли гузашта 1432 нафарро ташкил додааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,...

Ширкатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» гузаранд

Ширкати OpenAI пешниҳод мекунад, ки ҳафтаи кории чаҳоррӯза "бидуни кам кардани маош" аз ҷониби коргоҳҳо таҷриба шавад. Ширкати Nvidia...
spot_imgspot_img

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар...

Рақобат барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз шуд

Имрӯз, 7 апрел озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад