Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо дод.
Пуэнте хабар додааст, ки чанд дақиқа пеш аз эълони расмии истеъфояш дар ин бора ба сарвазир Педро Санчес иттилоъ додааст.
Ҳафтаи гузашта ду қатора, ки ба ширкатҳои давлатии Renfe ва хусусии Iryo тааллуқ доштанд ва дар хатсайри Мадрид — Севиля ҳаракат мекарданд, бо ҳам бархӯрданд. Бар асари ин садама дастикам 68 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 200 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Зимни баррасии ҳодиса Пуэнте ба дурустии қарори маркази идоракунии ҳаракати қатораҳои Adif шубҳа кардааст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз аз кор мондани низоми бехатарии LZB ба қатораи тезгарди ширкати Renfe иҷозат дода шудааст, ки ҳаракатро бо суръати муқаррарӣ идома диҳад. Ҳол он ки дар ин вақт қатораи ширкати Iryo аллакай дар пеш истода буд.



