ҲАЁТИ СОЛИМХару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

-

Аксҳо аз манбаъҳои боз

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА — демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил ёфтаанд?

Чаро маҳз ин ду ҳайвон ва ҳар ду ба сиёсат чӣ иртибот доранд?

Понздаҳуми январи соли ҳазору ҳаштсаду ҳафтод дар  нашрияи Harper’s Weekly Томас Наст нахустин карикатураи худро бо тасвири хари рамзии Ҳизби демократ нашр кард. Истифодаи пайвастаи ин тасвир аз ҷониби яке аз маъруфтарин карикатурнигорони сиёсии Амрико боис шуд, ки он ба рамзи пойдор табдил ёбад. То солҳои ҳазору ҳаштсаду ҳаштод-ум барои ҳама маълум буд, ки хар рамзи Ҳизби демократ аст.

Анъанаи истифодаи хар ҳамчун рамзи демократҳо аз замони номзадии Эндрю Ҷексон ба мақоми президенти ИМА оғоз шудааст. Шӯхиҳои он давра наметавонистанд аз монандии насаби Ҷексон (Jackson) ба калимаи англисии jackass (хари нар) истифода накунанд. Аммо онҳо интизор надоштанд, ки худи Ҷексон ин лақабро қабул мекунад. Дере нагузашта, карикатураҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо хари нар бо чеҳраи Ҷексон тасвир мешуд. Ин гуна тасвирҳо дар тамоми ду давраи президентии ӯ ба нашр мерасиданд.

То охири давраи президентии Ҷексон ӯро на ҳамчун хар, балки савори хар тасвир мекарданд. Ҳамин тавр, хар тадриҷан ба рамзи Ҳизби демократ табдил ёфтан гирифт.

Ҳамин тавр, ҳарчанд Томас Наст аввалин касе набуд, ки аз тасвири хар истифода кард, бешубҳа, маҳз ӯ ба паҳншавии он мусоидат намуд. Дар натиҷа, тасвири хар ва Ҳизби демократ ба таври доимӣ бо ҳам пайваст шуданд.

Аммо дар ин маврид ҳам робитаи фил бо ҷумҳурихоҳон чандин сол пеш аз Томас Наст пайдо шуда буд.Вале  Филро низ Томас Наст машҳур кард. Соли ҳазору ҳаштсаду ҳафтоду чор ӯ карикатураи «Ваҳшати сеюм» -ро кашид. Дар он хари демократ пӯсти шер дар бар карда, ҳайвоноти дигарро метарсонад, ва филе бо номи «овози ҷумҳурихоҳон» аз тарс саргардон аст. Ин фил овозҳои ҷумҳурихоҳонро нишон медод, ки бузург ва тавоно, вале баъзан гоҳо тарсончак тасвир шуда буданд. Пас аз он Наст филро борҳо барои ҷумҳурихоҳон истифода бурд ва ин рамз таҳким ёфт. Яъне, ҳеҷ ҳизб расман ин рамзҳоро интихоб накардааст. Онҳо аз тамасхури матбуот омада, бо мурури замон ҳизбҳо онҳоро қабул карданд. Имрӯз ҳам хар ва ҳам фил дар рамзҳо ва маъракаҳои ҳизбҳо истифода мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад