ОЛАМИ МАҶОЗӢБритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

-

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар оянда ҷорӣ кунанд. Дар ин бора вазири дифои Бритониё  хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ду кишвар мехоҳанд лоиҳаи муштараки мавҷудаи худро дар соҳаи амнияти сайберӣ бо номи Cyber Lighthouse васеъ кунанд. Қарор аст, ки минбаъд он таҳияи технологияҳои зеҳни сунъиро низ фаро гирад.

Стритинг навиштааст, ки озмоиш, таҳия ва дар ниҳоят ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар ҳамкории онҳоро амиқтар карда, имкони муқовимат ба таҳдидҳои эҳтимолиро тақвият медиҳад.

Ба гуфтаи вазири дифои Бритониё, ширкатҳои олмонӣ пас аз имзои созишномаи ҳамкории дифоӣ миёни ду кишвар дар соли 2024 уҳдадор шудаанд, ки барои рушди саноати ҳарбии Бритониё 800 миллион фунтстерлинг, муодили тақрибан 956 миллион евро сармоягузорӣ кунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад