БОЛХонаводаи амрикоии Нигина аз ӯ чӣ меомӯзанд?

Хонаводаи амрикоии Нигина аз ӯ чӣ меомӯзанд?

-

Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Ин навбат дар барномаи “Бол” аз дурпарвозиҳои Нигина Зоидбоеваи 18-сола мегӯем, ки ҳоло дар Амрико таҳсилу зиндагӣ мекунад.

Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи шаҳри Гулистон тариқи барномаи “FLЕX” барандаи идрорпулии яксола шуд ва айни ҳол хонандаи синфи 12 дар Амрико аст. Ҳатто дар тасаввураш намеғунҷид, ки рӯзе орзуи таҳсил дар хориҷ ҷомаи амал мепӯшаду ӯ ба Амрико роҳ меёбад. Зеро, ҳеч кадоме аз наздиконаш дар хориҷ, ҳатто дар мамолики наздик таҳсил накардаанд.

Мақсади сафараш ба Амрико васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва пайдо кардани имконоти таҳсил дар макотиби олии бунофӯзи Амрикову Аврупост.

“Дар мактаб мо имкон дорем, ки фанҳои ба худамон шавқоварро интихоб кунем. Ман омор, иқтисод, ҳукумати Амрико ва забони англисиро меомӯзам ва фикр мекунам таҳсил дар ин мактаб барои ба даст овардани дигар имконот мусоидат мекунад. Яъне, ҳоло ман ба чанд донишгоҳи амрикоӣ ҳуҷҷат равон карда, мунтазири посух ҳастам.”, — афзуд қаҳрамони мо.

Нигина моҳи сентябри имсол ба Амрико рафт ва ин муддат дар хонаи оилаи амрикоиаш зиндагӣ мекунад. Мувофиқи барнома оилаи мазкур ба ӯ тамоми шароити зиндагиро муҳайё карда, ҳамчун узви оилаи худ муносибат менамоянд.

“Дар ин ҷо худамро бегона намедонам, балки инҳо оилаи дуюми ман ҳастанд ва бисёр муносбати самимӣ доранд. Ман ба онҳо хӯрокҳои тоҷикӣ мепазам, дар бораи таъриху фарҳанги худамон қисса мекунам, бо фарзандонашон суҳбату ҳар гуна дилхӯшиҳо менамоем. Инчунин 200 доллар идрорпулӣ мегирам.”, — илова кард Нигина.

Саҳифаи Instagram-и Нигина пур аз маълумоти муфид аст. Навору аксу матн гузошта, дар бораи таҳсилу зиндагӣ дар Амрико ба обуначиҳояш маълумот медиҳад.

“Ман мехоҳам бо пеш бурдани саҳифаи instagram ва пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаёти имрӯзаам барои дигар духтарони тоҷик ангеза диҳам ва онҳо ҳам барои амалишавии орзуҳояшон талош варзанд.”, — гуфт.

Нигина чандин бор ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ гардидааст. Ӯ гирандаи стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳри Гулистон буд. Нигина хатмкардаи мактаби рассомӣ ва таҳсилдидаи мактаби мусиқӣ буда, як муддат дар маркази омӯзишӣ омӯзгорӣ намудааст. 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад