БОЛХонаводаи амрикоии Нигина аз ӯ чӣ меомӯзанд?

Хонаводаи амрикоии Нигина аз ӯ чӣ меомӯзанд?

-

Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Ин навбат дар барномаи “Бол” аз дурпарвозиҳои Нигина Зоидбоеваи 18-сола мегӯем, ки ҳоло дар Амрико таҳсилу зиндагӣ мекунад.

Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи шаҳри Гулистон тариқи барномаи “FLЕX” барандаи идрорпулии яксола шуд ва айни ҳол хонандаи синфи 12 дар Амрико аст. Ҳатто дар тасаввураш намеғунҷид, ки рӯзе орзуи таҳсил дар хориҷ ҷомаи амал мепӯшаду ӯ ба Амрико роҳ меёбад. Зеро, ҳеч кадоме аз наздиконаш дар хориҷ, ҳатто дар мамолики наздик таҳсил накардаанд.

Мақсади сафараш ба Амрико васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва пайдо кардани имконоти таҳсил дар макотиби олии бунофӯзи Амрикову Аврупост.

“Дар мактаб мо имкон дорем, ки фанҳои ба худамон шавқоварро интихоб кунем. Ман омор, иқтисод, ҳукумати Амрико ва забони англисиро меомӯзам ва фикр мекунам таҳсил дар ин мактаб барои ба даст овардани дигар имконот мусоидат мекунад. Яъне, ҳоло ман ба чанд донишгоҳи амрикоӣ ҳуҷҷат равон карда, мунтазири посух ҳастам.”, — афзуд қаҳрамони мо.

Нигина моҳи сентябри имсол ба Амрико рафт ва ин муддат дар хонаи оилаи амрикоиаш зиндагӣ мекунад. Мувофиқи барнома оилаи мазкур ба ӯ тамоми шароити зиндагиро муҳайё карда, ҳамчун узви оилаи худ муносибат менамоянд.

“Дар ин ҷо худамро бегона намедонам, балки инҳо оилаи дуюми ман ҳастанд ва бисёр муносбати самимӣ доранд. Ман ба онҳо хӯрокҳои тоҷикӣ мепазам, дар бораи таъриху фарҳанги худамон қисса мекунам, бо фарзандонашон суҳбату ҳар гуна дилхӯшиҳо менамоем. Инчунин 200 доллар идрорпулӣ мегирам.”, — илова кард Нигина.

Саҳифаи Instagram-и Нигина пур аз маълумоти муфид аст. Навору аксу матн гузошта, дар бораи таҳсилу зиндагӣ дар Амрико ба обуначиҳояш маълумот медиҳад.

“Ман мехоҳам бо пеш бурдани саҳифаи instagram ва пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаёти имрӯзаам барои дигар духтарони тоҷик ангеза диҳам ва онҳо ҳам барои амалишавии орзуҳояшон талош варзанд.”, — гуфт.

Нигина чандин бор ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ гардидааст. Ӯ гирандаи стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳри Гулистон буд. Нигина хатмкардаи мактаби рассомӣ ва таҳсилдидаи мактаби мусиқӣ буда, як муддат дар маркази омӯзишӣ омӯзгорӣ намудааст. 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...
spot_imgspot_img

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад