Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи «Коммерсант» хабар додааст. Ҳакерҳо шаби 1 ноябр сомонаро рахна кардаанд.
Ҳакерҳо дар сомона паёмҳо, аз ҷумла ибораи «Ҳеҷ кас аз ҷавобгарӣ фирор карда наметавонад»-ро ҷойгир кардаанд. Ин паёмҳо ҳам дар саҳифаҳои раёсатҳои минтақавии Росстат ва ҳам дар бахши федералии сомона пайдо шудаанд.
Ҳамчунин, ҳакерҳо рамзҳои гурӯҳҳои «Киберпартизаны BY» ва Silent Crow-ро ҷойгир кардаанд. Додгоҳи олии Русия моҳи июли соли 2026 ин ду гурӯҳро созмонҳои экстремистӣ эътироф карда, фаъолияташонро дар қаламрави Русия манъ карда буд.
Росстат хабар додааст, ки аз 29 октябр то 1 ноябр ба манбаъҳои иттилоотии ин ниҳод як қатор ҳамлаҳои киберии ҳадафманд ва харобиовар сурат гирифтаанд.
«Инфрасохтор тибқи тартиби муқаррарӣ фаъолият кард: низомҳои назоратӣ сари вақт дар бораи фаъолияти шубҳанок хабар доданд ва ин имкон дод, ки чораҳои вокуниш фавран оғоз шаванд», — гуфта мешавад дар изҳороти ниҳод, ки «Коммерсант» иқтибос овардааст.
Моҳи июли соли 2025 гурӯҳҳои «Киберпартизаны BY» ва Silent Crow масъулияти ҳамлаи кибериро ба дӯш гирифта буданд, ки боиси халали густурда дар фаъолияти низоми иттилоотии ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот» шуд. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо парвоз ба таъхир афтоданд ё бекор карда шуданд. Таҳлилгарон хисороти молиявии ҳамларо аз 10 то 50 миллион доллар арзёбӣ карда буданд. Прокуратураи генералии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти компютерӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.



