
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17 нафар соҳиби ҷойи якум, 46 нафар ҷойи дуюм ва 68 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, шаҳри Душанбе бо 65 ҷой мақоми аввалро соҳиб шуд. Аз ин шумора 12 ҷойи якум, 24 ҷойи дуюм ва 29 ҷойи сеюм аст. Вилояти Суғд бо 32 ҷой дуюм ва вилояти Хатлон бо 19 ҷой сеюм шуданд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 12 ҷой мақоми чорумро гирифтанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо се ҷой дар зинаи панҷум қарор гирифт. Дар баробари ғолибон, волидон ва омӯзгорони онҳо низ қадрдонӣ шуданд. Ба волидони ғолибон нишони «Маърифатпарвар» ва ба омӯзгорон нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ё ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, рушди тафаккури техникӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Аксҳо аз гуруҳи фейсбукии Вазорати маориф ва илм



