ҲАЁТИ СОЛИМШиркатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

-

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол дар пайи моҷарои марбут ба ҳамлагари фаронсавии «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи sport.es хабар додааст.

26 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он аз Мбаппе дар бораи меми дӯстдоштааш бо иштироки худаш мепурсанд. Футболбоз гуфтааст, ки «тасвире, ки дар он чеҳраи ӯро ба ҷойи чеҳраи диктатори чинӣ гузоштаанд, ӯро бисёр механдонад». Ӯ Мао Тсэдунро дар назар дошт. Дар Чин шӯхӣ кардан дар бораи ин шахс беэҳтиромӣ ба ҳисоб меравад.

Дар пайи ин ҳодиса ширкатҳои чинии Dongpeng Beverage ва Mengniu шартномаҳои таблиғотии худро бо Мбаппеи 27-сола қатъ карданд. Ҳамчунин, Телевизиони марказии Чин (CCTV) тамоми маводи марбут ба футболбозро аз барномаҳои хабарии худ ҳазф кард.

Мбаппе дар изҳороте гуфт, ки суханони ӯро нодуруст фаҳмидаанд. Ӯ ҳамчунин аз ҳамаи онҳое, ки аз гуфтаҳояш ранҷидаанд, узр хост.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Го Ҷякун изҳор дошт, ки кишвараш узрхоҳии футболбозро «қадр мекунад». Аммо дар Ширкати CMG таъкид карданд, ки суханони Мбаппе «аз доираи озодии баён берун рафта, мардуми Чинро таҳқир кардаанд».

Намояндагони ширкат ҳамчунин изҳор доштанд, ки аз бошгоҳи «Реал Мадрид» низ узрхоҳӣ интизоранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...
spot_imgspot_img

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад