БОЛҲайдар зеҳни сунъиро барои сареътару дақиқ мушаххас кардани саратон...

Ҳайдар зеҳни сунъиро барои сареътару дақиқ мушаххас кардани саратон истифода мекунад

-

Ҳайдар Искандарзода. Акс аз бойгонии ӯ

Ҳайдар Искандарзода магистранти Kyongpook National University-и Кореяи Ҷанубӣ буда, зеҳни сунъиро меомӯзад.

Дар барномаи «Бол» ба мо бобати таҳсилу зиндагӣ дар хориҷи кишвар суҳбат кардем.

Ҳайдар соли 2020 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барномасоз хатм намуд ва ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро барои зинаи магистратура ба Кореяи Ҷанубӣ супурд.

“Бархе вақте ба донишгоҳи Корея роҳ меёбанд, хурсанд мегарданд, вале ман андӯҳгин будам. Зеро, дар вазъияти вазнин барои аҳли башар — авҷи пандемияи коронавирус ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунам. Хушбахтона, бо хатсайри чартерӣ имкон пайдо кардем, ки ба ин кишвар расем.«, — ба ёд овард ӯ.

Ҳайдар баъди як соли забономӯзӣ,  ду сол зинаи магистратураро ройгон мегузарад. Ҳар моҳ 800 доллар ба идрор дода мешавад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун истифода мешавад. Ӯ дар соҳаи тандурустӣ мехоҳад онро истифода кунад. Ҳоло лоиҳаеро амалӣ карданист, ки барои  дақиқтару сареътар муайян кардани бемории саратон бояд кумак кунад.

Ба нақли Ҳайдар, агар лоиҳа дар ин нимсола анҷом ёбад, як нимсолаи дигар таҳсилашро аз ҷайби худ тамдид мекунад. 

Ҳайдар нақша дорад, ки пас аз хатми зинаи магистратура 2-3 сол аз рӯи ихтисос  дар Кореяи Ҷанубӣ таҷриба андӯзад сипас ба Ватан баргашта идеяҳояшро амалӣ намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад