БОЛТаҳсилу тиҷорати Сиёвуши 18-сола дар Чин

Таҳсилу тиҷорати Сиёвуши 18-сола дар Чин

-

Сиёвуш ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дар дарс

Сиёвуш Кенҷаеви 18-сола дар Донишгоҳи Шанхай таҳсил мекунад. Дар баробари таҳсил, ӯ ба тиҷорат машғул аст. Тоҷирон аз Тоҷикистон ба ӯ молҳои гуногунро фармоиш медиҳанд ва ӯ аз ин кишвар гирдоварӣ ва ба Тоҷикистон ирсол мекунад.

Ӯ аз замони мактабхонӣ мехост дар Чин маълумоти олӣ бигирад. Бинобар ин, ба омӯзиши забони чинӣ пардохт. Ҳоло бо бурсияи махсус  4 сол ройгон таҳсил мекунад ва ҳар моҳ 2,5 ҳазор юан идрор мегирад.

«Талабот ба бурсияи ман душвор набуд, яъне, дар сатҳи дараҷаи 4 донистани чинӣ. Хушбахтона, дар ду соли забономӯзӣ тавонистам то дараҷаи панҷум расам.»,- нақл кард ӯ.

Сиёвуш ҳамроҳ бо ҳамдарсонаш

Сиёвуш мисли аксари донишҷӯёни хориҷӣ дар Чин як сол ба забономӯзӣ ҷалб нашуд, балки дарсҳои ососии донишгоҳро бо забони чинӣ меомӯзад.

Сиёвуш бо устод ва ҳамсабақонаш

Ба Сиёвуш соҳибкорони тоҷикистонӣ молу маҳсулот фармоиш медиҳанд ва ӯ аз Чин барояшон мефиристад. Молҳоро суғурта ва сипас ирсол мекунад. Зеро, дар ҳолати гум шудани мол, ширкати суғуртавӣ онро барқарор менамояд.

«Кори мо осон нест, вале онро дӯст медорам. Чун ҳоло дар риштаи тиҷорат таҳсил мекунам, фаъолият кардану таҷриба гирифтанхуб аст. Албатта, ин бароям манбаъи даромади иловагист.»,- нақл намуд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ ҳоло аз тариқи Инстаграм тиҷораташро рушд доданист ва аз имконоти ин шабака истифода мебарад.

Пас аз хатми донишгоҳ мехоҳад дар Тоҷикистон ширкати боррасонӣ таъсис диҳад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
25
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад