Без рубрики13 cол чанд нафарро ҳамчун ғулом нигоҳ доштааст

13 cол чанд нафарро ҳамчун ғулом нигоҳ доштааст

-

Шуъбаи тафтишотии шаҳри Заполярнийи Раёсати Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар вилояти Мурманск тафтиши парвандаи ҷиноиро нисбат ба як сокини 57-солаи шаҳраки Никел ба анҷом расонд. Ӯ барои одамрабоӣ нисбат ба ду ё зиёда аз ин бо маслиҳати пешакӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона муттаҳам мешавад.

Тибқи маълумоти тафтишот, айбдоршаванда дар солҳои 2012–2025 бо як шиноси худ се нафарро бе бастани шартномаи меҳнатӣ маҷбур мекарданд, ки дар пойгоҳи ҷамъоварии оҳанпора кор кунанд.

Дар сурати сарпечӣ аз иҷрои корҳо, ҷабрдидагон мавриди латукӯб қарор гирифта, дар таҳхона маҳкам карда мешуданд ва ҳамчунин маҷбур мешуданд, ки санадҳои қарздориро имзо намоянд. Ҳангоми кӯшиши фирор онҳо пайдо карда шуда, бо истифода аз зӯроварӣ дубора ба ҷои кор баргардонида мешуданд.

Ҷиноят дар натиҷаи ҳамкории муфаттишони Кумитаи тафтишот бо кормандони ҷустуҷӯи ҷиноятии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Печенга ва Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии вилояти Мурманск ошкор гардидааст.

Муфаттишон далелҳои кофиро ҷамъоварӣ намудаанд ва бинобар ин парвандаи ҷиноӣ бо хулосаи тасдиқшудаи айбдоркунӣ барои баррасӣ аз рӯйи моҳият ба суд ирсол шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад