ОЛАМИ МАҶОЗӢ"Comment"-ҳои "сархӯр". Кӣ ин гуна шарҳ менависад?

«Comment»-ҳои «сархӯр». Кӣ ин гуна шарҳ менависад?

-

Алишер (номи шартӣ) ҷавони 25-солаест, ки аз ҷониби мақомоти милитсия барои “шарҳо”-и навиштааш дар зери матлабҳои гуногун дастгир гардида буд:

“Ман бештар ба матлабҳое рӯй меовардам, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Кӯшиш мекардам, зери ҳар кадоми онҳо ақидаи худро ҷой диҳам. Агар муҳтаво ба ақидаам мувофиқат намекард, ҳатман ба баҳс гузашта, нисбат ба муаллиф ҳар чӣ мехостам, менавиштам. Ин кори ман чандин бор идома ёфт. Ҳамзамон, ман аз ҷаҳлу нодонӣ як тан аз фаъолони ҷомеаи маданиро, ки дар бораи  арзишҳои миллӣ сухан мегуфт, таҳқир намудам.”,-нақл кард ӯ.

Ӯ дар ниҳоят аз ҷониби мақомоти милитсия дасгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида буд. Акнун вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам мегузаронад.

Рушди техникаву технологияи навин бо пайдо гардидани воситаҳои иртиботӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ замина гузошт. Аксарият дар ин ё он шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд. Дар баробари гирифтани иттилоъ инчунин мавқеи хешро низ бо навиштани шарҳ ё лайк баён мекунанд. Гоҳо ин амалашон боиси ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданашон мегардад.

Моҳи январи соли 2023 дар Тоҷикистон 4 миллиону 100 ҳазор корбари интернет сабт шудааст.

Ба иттилои datareportal.com, сатҳи фарогирии интернет дар Тоҷикистон дар оғози соли 2023 40,8 дарсади аҳолиро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, шумораи истифодабарандагони интернет дар аввали соли равон бо назардошти интернети мобилӣ ва собит теъдодашон ба 4,5 млн нафар баробар гардид.

“Теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар оғози соли 2023 ба 10,9 дарсади ҷамъияти ин кишвар баробар буд… 26,8 дарсади кулли корбарони интернетии Тоҷикистон (новобаста аз синну сол) ҳадди аққал аз як платформаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кардаанд.”,-омодааст дар матлаби DIGITAL 2023: TAJIKISTAN.

24,6 дарсади корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон занон ва 75,4 дарсад мардон будаанд.

Омори истифодабарандагони фейсбук, инстаграм ва месенҷер

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи додаҳои «napoleoncat.com» истифодабарандагони ду шабакаи иҷтимоӣ- facebook, instagram -ро наздики 2 миллион гуфтааст.

Омори истифодабарандагони фейсбук аз рӯи синну сол ва ҷинс
Омори истифодабарандагони инстаграм аз рӯи синну сол ва ҷинс

Ахиран таҳқиру туҳмати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари собиқ Директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Тоҷикистон Абдулқодир Талбаков рехт, ки  пайравиашро аз дини зардуштӣ баён кард.

Худи ӯ низ дар мусоҳибаҳояш тасдиқ кард, ки аз ҳамарӯза аз тариқи фейсбук ва месенҷер таҳқир мешавад, таҳдид мешавад.

Яке аз шарҳҳо дар пайи навори мусоҳибаи Абдуқодир Талбаков бо Одил Нозиров

Дар ҳамин ҳол профессор Ҷовид Муқим мегӯяд, онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери ҳар гуна матолиб шарҳ менависанду лайк мегузоранд, саводи казоӣ надоранд. 

“Имрӯз аксари ҷавонони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд ва иттилоотро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд. Мутаассифона, аксари истифодабарандагони  шабакаҳои иҷтимоӣ саводи расонаӣ ва ҷаҳонбинии васеъ надоранд. Ҳар он чӣ мехонанд, кушиш мекунанд, ки “лайк” гузоранд. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ҳарчӣ мехонӣ бояд лайк гузорӣ. Лекин онҳо намедонанд, ки оқибати лайкмонӣ чист. Дар онҷо таҳқир, суханҳои қабеҳ, дашном, туҳмат ва даъват ба сарнагун сохтани сохти конститусионӣ ҳаст, ки барои ҳамаи инҳо ҷазо муайн шудааст.”,-мегӯяд ин профессор.

Ба андешаи мавсуф, аксар истифодабарандагони интеренет ҷавонону наврасонанд ва онҳо намедонанд, ки кадом сомона барои чӣ таъсис дода шудааст ва ҳадафи онҳо чист.

Маҷлиси Намояндагон 13-уми июни соли 2018 ба банди 2-и моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ” тағйирот ворид кард, ки содир кардани ҷинояти дар ин модда зикршударо тариқи шабакаи Интернет ҳам ҷурм эътироф мекунад.

Бахтовар Сафаров, вакили порлумон дар даъвати панҷум ҳангоми муаррифии ин тағйирот гуфта буд, “таҷрибаи охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм нишон дод, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, зарурати ворид кардани “шабакаҳои интернетӣ” ба вуҷуд омадааст, то ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашидани афрод ҷурми онҳо дуруст банду баст шавад”.

Дар тарҷибаҳои судӣ гузоштани “лайк”, “класс” ва ё ба дигарон фиристодани матну маводи марбут ба терроризм, созмону ҳаракатҳое, ки фаъолияташон мамнуъ ва террористиву экстремистӣ шинохта шудааст, ҳамчун сафедкунии оммавии терроризм банду баст шудааст.

Ҳоло 9 моддаи Кодекси ҷиноятӣ -137,  137 (1) 179 (1), 307, 307 (1) 307 (3) 330, 395 бандҳои марбут ба интернет доранд, ки дар сурати нақзи он корбаронро метавонанд ба ҷавобгарӣ кашанд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олии Тоҷикистон 16 феврали соли равон дар посӯх ба суоли мо вобаста ба омори парвандаҳое, ки барои шарҳҳои ғайрихлоқӣ ва ғайриқонунӣ чунин гуфт:

“Мо шоҳид мешавем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳои гуногун пахш мешаванд. Вақте рӯи рост дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро зидди давлату ҳукумат даъват мекунанд, ин ё он нафарро таҳқир мекунанд,  ҳамаи ин саволу ҷавоб дорад.”,-изҳор дошт, Шермуҳаммад Шоҳиён.  

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар Туркия дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд шуд

Мақомоти Туркия пас аз боздошти шаҳрдори Истамбул Экрем Имамоғлу дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоии X, Youtube, TikTok ва Instagram маҳдуд...

Барои дарёфти кумакпулӣ набояд пора дод!

Мақсад аз пешниҳоди кумаҳои унвонии иҷтимоӣ дигар кардани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат мебошад. Бинобар ин, барои...

Талаби Роскомнадзор  аз Telegram: ду бастаи стикерро ҳазф кун!

Роскомнадзор  аз мессенҷери Telegram талаб кард, ки ду бастаи стикерҳои мамнуъро ҳазф кунад. Сухан дар бораи маҷмӯаҳо бо тасвирҳои фашистӣ...
spot_imgspot_img

Бо як патент кор дар ду минтақа. Агар пешниҳод қабул гардад

Лоиҳаи тағйироти ҳукумати Русия ба Думаи давлатии ин кишвар ворид шуд, ки тибқи он ба муҳоҷирон иҷоза дода мешавад...

Табақаи миёна — коҳишдиҳандаи нобаробарии иқтисодӣ ва таъминкунандаи субот дар ҷомеа

Метадалогияи муайян намудани табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон таҳия  ва 18 феврали соли 2025 тасдиқ шуд. Ба иттилои намояндагони...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад