МУВАФФАҚИЯТ12 медали паҳлавонони кишвар дар Ҷоми Осиё

12 медали паҳлавонони кишвар дар Ҷоми Осиё

-

28-31-уми май дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби кишвар сазовори 12 медал гардид.
Дар мусобиқа беш аз 1000 варзишгари 12 кишвар иштирок карданд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро беш аз 200 варзишгар намояндагӣ кард: миёни наврасон (то 18-сола) 108 варзишгар (101 писар, 7 духтар), миёни ҷавонон (то 21-сола) 107 варзишгар (101 писар, 6 духтар).
Дастоварди асосии даста медали тиллои Александра Кан дар вазни 57 кг миёни ҷавонон буд. Варзишгардухтари тоҷикистонӣ дар ҳама зӯрозмоиҳо пирӯз шуд ва дар финал намояндаи қирғизистонро мағлуб кард. Дар ин синну сол Исмоил Бурҳонов (-100 кг), Ардашери Ҳамза (-90 кг) медали нуқра, Панҷшер Муъминов (-90 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (-66 кг) ва Ёсин Бобокалонов (66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҷудочиёни навраси кишвар ба гирифтани панҷ медал мушарраф гаштанд. Муҳаммаданис Солиҳов (-55 кг), Исомуддин Қосимов (-60 кг), Райҳона Розиқзода (-52 кг) медали нуқра, Армон Сафаров (-60 кг) ва Шамил Исмоилов (-66 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Чунин мусобиқа аз 9-ум то 12-уми июн дар Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 60 варзишгари наврасу ҷавон ширкат менамояд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад