Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон сармоягузорӣ мекунем, онҳо ба навоварон, соҳибкорон, пешсафон ва пешбарони ҷомеа табдил меёбанд ва қудрати дигаргун сохтани оилаҳо, ҷомеаҳо ва ояндаи муштараки моро доранд.
Дар Курси такмилии дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳи САҲА барои занони ҷавон, Ҳамоҳангсози доимии СММ Рамасвами аз занони ҷавон-роҳбар даъват намудааст, ки ақидаҳои худро фаъолона пешниҳод намоянд, пешсаф ва узви фаъоли ҷомеа бошанд.
Ҳамоҳангсози доимӣ Рамасвами аз роҳбарони имрӯза даъват намуд, ки насли ояндаро дастгирӣ карда, барои онҳо ҷой барои ширкати пурра фароҳам оваранд. Баробарии гендерӣ роҳи пешрафт барои занону духтарон ва ояндаи тамоми башарият аст.
Акс аз саҳифаи фейсбукии United Nations in Tajikistan
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
+1
+1
+1
+1
+1
+1



