Бо вуҷуди нақши назарраси Британияи Кабир дар соҳаи амнияти зеҳни сунъӣ, ки ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи амнияти зеҳни сунъӣ ва ҷомеаи илмӣ-тадқиқотии ин кишвар вобаста аст, худи соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамоно асосан таҳти нуфузи ИМА ва Чин қарор дорад.
Подшоҳи Британияи Кабир Чарлз III бо мутахассисони пешсафи соҳаи зеҳни сунъӣ мулоқот карда, аз онҳо даъват намуд, ки барои зери назорати инсон боқӣ мондани технологияҳои ИИ ва ба манфиати одамон, ҷомеа ва муҳити зист истифода шудани онҳо талош кунанд.
Намояндагони ширкатҳои OpenAI, Anthropic, Google DeepMind ва Nvidia бо даъвати подшоҳ дар қароргоҳи Дамфрис-Хаус дар Шотландия ҷамъ омаданд, то роҳҳои истифодаи ИИ ба манфиати ҷомеа ва ҳамзамон коҳиш додани хатарҳои марбут ба онро баррасӣ кунанд.
Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳо, аз ҷумла директори генералии ширкати бузурги технологӣ Nvidia Ҷенсен Хуанг, инчунин вазири навтаъйини Британия оид ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ Канишка Нараян иштирок доштанд.
Подшоҳ дар суханронии ифтитоҳии худ ба суръати хеле тези рушди ИИ ишора карда, гуфт:
«Рушди зеҳни сунъӣ — ҳам моҳияти он ва ҳам суръати рушди он — ҳамзамон ҳам ҳаяҷоновар аст ва ҳам нигаронии амиқро ба вуҷуд меорад».
Ба гуфтаи ӯ, «таҳдидҳои мавҷудиятӣ, ки бо эҳтимоли ба дасти нодуруст афтодани чунин технологияҳо ва истифодаи эҳтимолан фоҷеабори онҳо алоқаманданд», андешаронии фавриро тақозо мекунанд.
Чарлз III дар суханронии худ ба кишвар ё ширкати мушаххасе ишора накард. Аммо ӯ таъкид намуд, ки мехоҳад иштирокчиёни мулоқот роҳҳои истифодаи ИИ ба ҳадафҳои некро ҷустуҷӯ кунанд ва «амниятро дар ҷойи аввал» гузоранд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, бояд роҳҳои «ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ ва ба даст овардани тавофуқ» барои расидан ба ин ҳадаф пайдо карда шаванд.
Нигарониҳо аз ояндаи ИИ
Мулоқот дар Шотландия дар пасманзари як қатор ҳодисаҳои пуррезон вобаста ба амнияти технологияҳои зеҳни сунъӣ баргузор шуд.
Ҳафтаи гузашта таҳиягари аршади ширкати Anthropic Ҷейкоб Коксон дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Ӯ аз вазифааш истеъфо дода, дар бораи хатарҳои эҳтимолии рушди босуръати технологияҳои ИИ ҳушдори ҷиддӣ нашр кард.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки зеҳни сунъӣ то охири ҳамин даҳсола 10 дарсад имкони нобуд кардани инсониятро дошта бошад. Директори генералии Anthropic Дарио Амодеи дар посух гуфт, ки эҳтимол соҳаи ИИ бояд суръати рушди худро коҳиш диҳад.
Рӯзи чоршанбе ширкати OpenAI, созандаи ChatGPT, аз шаш ҳолати рафтори «ғайричашмдошт ё нигаронкунанда»-и моделҳои худ хабар дод. Ба гуфтаи ширкат, дар байни ин ҳолатҳо иҷрои вазифаҳо бидуни иҷозат, ҳамоҳангсозии амалҳо бо моделҳои дигар ва кӯшиши канорагирӣ аз назорати муҳаққиқони инсонӣ ҷой доштаанд.
Аммо роҳбари Nvidia Ҷенсен Хуанг баръакси ин, даъватҳо барои суст кардани рушди ИИ-ро танқид кард.
Ба гуфтаи ӯ, масъулияти таҳияи бехатари ИИ ва санҷиши ҳамаҷонибаи маҳсулот пеш аз баровардани онҳо ба бозор бояд бар дӯши худи ширкатҳо бошад.
Ӯ пас аз суханронии подшоҳ гуфт:
«Агар маҳсулот ба қадри кофӣ бехатар набошад, мо бояд баровардани онро боздорем ва такмил додани онро идома диҳем. Мо ҳамеша ҳамин тавр амал кардаем ва бояд ҳамин равишро идома диҳем».



