НАВИДДастовардҳои хонандагон дар моҳи декабр

Дастовардҳои хонандагон дар моҳи декабр

-

Маркахи матбуоти Вазорати маориф ва илми  кишвар аз як қатор дастовардҳои хонандагони макотиби Тоҷикистон дар моҳи декабр хабар медиҳад.

Рӯзҳои 12-21 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Олимпиадаи 18-уми байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои физика, химия ва биология “IJSO 2021” тариқи фосилавӣ байни хонандагони синфҳои 5-9 баргузор шуд, ки Тоҷикистонро 6 нафар хонандагон муаррифӣ намуданд. Дар Олимпиадаи мазкур 74 давлат иштирок намудаанд. Аз Тоҷикистон Ғуломзода Ҳусейн — хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе байни 400 нафар иштирокчӣ аз 74 давлати дунё ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардидааст

Рӯзҳои 6-11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Шукрона Охунова -хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шудааст.

Рӯзҳои 11-12 декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи даставии барномасозии АвруОсиёӣ байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 дастаи иборат аз 6 хонанда ва 1 роҳбари даста иштирок намуда, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ ва 3 медали нуқра) гардиданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад