БИЗНЕС-КЛУБМуовини нахуствазири Қирғизистон: низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ИМА...

Муовини нахуствазири Қирғизистон: низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ИМА бознигарӣ шавад!

-

Эдил Байсалов, муовини нахуствазири Қирғизистон  пешниҳод намуд, ки низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида бознигарӣ шавад. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаи X навиштааст. Бо ин изҳорот Байсалов ба талаботи нави чанде пеши Департаменти давлатии ИМА вокуниш нишон дод, ки тибқи онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми дархости раводиди корӣ ё сайёҳӣ ба ИМА бояд то 15 ҳазор доллар гарав гузоранд.

«Сиёсати раводид — масъалаи баробарӣ ва эҳтироми мутақобил аст. Агар барои шаҳрвандони мо чунин монеаҳои баланд ҷорӣ шаванд, мо наметавонем чунин вонамуд кунем, ки ҳеҷ чиз рӯй надодааст.», — навиштааст муовини нахуствазир.

Қоидаҳои нави раводид барои шаҳрвандони Қирғизистон, ки мехоҳанд ба ИМА сафар кунанд, аз 21 январ эътибор пайдо мекунанд. Ҳангоми супоридани ариза барои раводидҳои B-1 ва B-2 онҳо бояд гарав ба маблағи аз 5 ҳазор то 15 ҳазор доллар пардохт намоянд. Ин маблағ дар сурати иваз шудани мақоми муҳоҷиратӣ ё зиёд шудани муҳлати будубош баргардонда намешавад. Ҳаҷми гаравро корманди консулӣ ба таври инфиродӣ ҳангоми мусоҳиба муайян мекунад.

Ҳамзамон, довталабоне, ки раводиди онҳо тасдиқ мешавад, бояд танҳо тавассути се фурудгоҳ Логан (Бостон), Кеннеди (Ню-Йорк) ва Даллес (Вашингтон) вориди ин кишвар шаванд.

Шаҳрвандони ИМА аз соли 2012 метавонистанд бидуни раводид ба Қирғизистон ворид шаванд. Аммо шаҳрвандони Қирғизистон ҳеҷ гоҳ имкони ворид шудан ба ИМА бидуни раводидро надоштанд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад