БОЛМадина ноумед нашуд. Дубора довталаби донишгоҳи Чин гардид

Мадина ноумед нашуд. Дубора довталаби донишгоҳи Чин гардид

-

 

Мадина аз рост дар тан куртаи чакан

Ин ҳафта дар барномаи «Бол» бо Мадина Муродова суҳбат доштем. Ӯ ҳоло дар риштаи иқтисоди яке аз донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунад.

Ӯ ҳанӯз аз шашсолагӣ бо забони чинӣ ошноӣ дошт, вале ба омӯзиш пас аз 14-солагӣ оғоз намуд. Мақсад аз омӯзиши забони чинӣ он буд, ки мехост маълумоти олиро дар Чин бигирад. Моҳи декабри соли 2019 ба яке аз донишгоҳҳои Чин ҳуҷҷат супурда, моҳи январи соли 2020 ҷавоби мусбат гирифт. Яъне, донишҷӯ гардид. Бинобар сабаби бемории ҳамагири “COVID-19” дарсҳо «онлайн» ба роҳ монда шуданд. Давоми як сол фосилавӣ таҳсил кард, аммо холи лозимиро ба даст оварда натавонист ва ба курси дигар роҳ наёфт.

Мадина бо дӯстони чиниаш

“Вақте фаҳмидам, ки дарсҳои Чин фосилавӣ ба роҳ монда мешавад, ҳамон сол аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ шудам. Яъне, соли 2020 дар Тоҷикистон ва Чин таҳсил мекардам. Ду сол дар ватанамон таҳсил намуда ва соли 2022 боз ба донишгоҳи Чин ҳуҷҷат супоридам. Вақте ба донишгоҳи ин кишвар қабул шудам, таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавқуф гузоштам ва ҳоло дар риштаи иқтисоди яке аз донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунам.”, — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мадина бо ҳамсабақонаш дар донишгоҳ

Мадина ният дорад тобистон модарашро ба Чин бубарад, зеро, модари ӯ дар Душанбе танҳост.

Мадина пас аз хатми донишгоҳ ба Ватан баргашта, аз рӯйи тахассуси гирифта фаъолият карданист. Инчунин мехоҳад таҳсили нотамомро дар ДМТ ба поён расонад. Мо низ дар ин ҷода барояш муваффақият мехоҳем.

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад