БОЛСитора Қодирова ба беш аз 100 зани бефарзанд умед...

Ситора Қодирова ба беш аз 100 зани бефарзанд умед бахшид

-

БОЛ — аз баландпарвозиҳо ба саросари олам ва аз кору таҳсили ҷавонони тоҷики хориҷи кишвар қисса мекунад. Меҳмони аввалини барномаи “Бол” Ситора Қодирова, духтури занона аст, ки дар шаҳри Анталияи Туркия кору зиндагӣ мекунад.

Ба нақли Ситора, баробари дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино тасмим гирифт духтури забондону ҷаҳондидаву кордон гардад на танҳо Тоҷикистон, балки дар хориҷ низ ӯро шиносанд.

Ҳамин тавр, пас аз хатми донишгоҳ як муддат дар бемористони давлатӣ фаъолият кард, сипас дар бемористони хусусӣ фаъолияташро идома дод. Бо гузашти андак вақт имкон пайдо кард, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои омӯзиш ва такмили ихтисос равад. Дар омӯзишу ҳамоишҳои илмӣ ширкат намуда, донишашро такмил намуд.

Ҳоло барои мутобиқсозии дипломаш ба талаботи байналмилалӣ дар шаҳри Анталияи Туркия кору зиндагӣ дорад. Ба тамрин меравад, забони туркиро меомӯзад ва рӯзона чор соат дар беморхонае беморонро қабул менамояд.

Ҳамчунин, дар Instaggram фаъол аст. Наздики 40 ҳазор обуначӣ дорад ва моҳе ду бор бо аудитория саволу ҷавоб мекунад. Ин пурсишу посухро Ситора ба фоидаи тарафайн арзёбӣ мекунад. Зеро, агар аз як ҷониб мардум ба саволҳояшон посух гиранд, аз паҳлӯи дигар ӯ таҷриба меандӯзад.

Тоҷиконе, ки дар наздики манзили иҷораи Ситора иқомат мекунанд, ба онҳо кумаки тиббӣ мерасонад.

Ситора ба беш аз сад зани бефарзанд умед бахшид. Бо тавсияву табобати ӯ онҳо соҳиби фарзанд шуданд.

Ситора узви Хазинаи духтурон ва олимони Амрико ва Австрия мебошад. Ӯ формулаи осон ба ин муваффақият расиданашро дар донистани забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши пайваста арзёбӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир забонҳои англисӣ, олмонию русиро медонад ва забони туркиро меомӯзад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
33
+1
26
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад