БИЗНЕС-КЛУБMeta миллиардҳо доллар аз таблиғоти қаллобон ба даст меорад

Meta миллиардҳо доллар аз таблиғоти қаллобон ба даст меорад

-

Тақрибан 10% даромади солонаи Meta дар соли 2024 аз рекламаи қаллобӣ ва молҳои мамнӯъ ба даст омадааст.

Meta (Facebook, Instagram ва WhatsApp) дар охири соли 2024 то 10% даромади умумии солонааш, ки тақрибан 16 миллиард долларро ташкил медиҳад, аз намоиши таблиғоти қаллобона ва молҳои мамнӯъ ба даст овардааст.

Reuters бо истифода аз ҳуҷҷатҳои дар ихтиёрдошта собит кардааст, ки ширкат дар тӯли се соли охир натавонистааст мавҷи бузурги таблиғотеро, ки қаллобон, казиноҳои ғайриқонунӣ ва ғайра паҳн мекунанд, боздорад.

Платформаҳои Meta рӯзона то 15 миллиард таблиғоти “пурҳангомаи қаллобӣ”-ро нишон медиҳад. Ҳисоботи дигар нишон медиҳад, ки аз ин навъи таблиғот Meta солона тақрибан 7 миллиард доллар даромад ба даст меорад.

Сарчашмаи асосии ин қаллобӣ таблиғгароне мебошанд, ки системаи дохилии Meta онҳоро бо эҳтимоли баланд ҳамчун қаллоб мешиносад. Аммо ширкат танҳо дар ҳолате чунин таблиғгаронро мамнӯъ мекунад, ки алгоритмҳо 95% мутмаин бошанд, ки онҳо дар қаллобӣ даст доранд. Дар ҳолатҳои шубҳанок, Meta ба чунин таблиғгарон нархи баландтар мегузорад — ба гуфтаи ширкат, “то қаллобон аз идомаи фаъолият безор шаванд”.

Ин маълумот аз ҳуҷҷатҳои дохилии шӯъбаҳои молия, муҳандисӣ ва бехатарии Meta гирифта шудааст. Онҳо нишон медиҳанд, ки ширкат кӯшиш дорад миқёси сӯиистифода дар платформаҳояшро чен кунад, аммо ҳамзамон аз чораҳое, ки метавонанд ба даромадаш зарар расонанд, худдорӣ мекунад. Намояндаи Meta Энди Стоун изҳор дошт, ки ҳуҷҷатҳои дастрасшуда “танҳо як қисми воқеиятро нишон медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, арзёбии дохилии 10,1% “тахминӣ ва аз ҳад фарогир” будааст, зеро ба ҳисоб “бисёре аз таблиғоти қонунӣ” низ дохил шудаанд. Ӯ рақами навтар пешниҳод накардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар 18 моҳи охир шумори шикоятҳои корбарон аз таблиғоти қаллобон 58% коҳиш ёфта, дар соли 2025 зиёда аз 134 миллион контенти қаллобона ҳазф шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад