ҲАЁТИ СОЛИМИМА аз Аврупо хостааст ба Ҳинду Чин фишор оранд

ИМА аз Аврупо хостааст ба Ҳинду Чин фишор оранд

-

ИМА аз роҳбарони Аврупо даъват намудааст, ки зидди Ҳиндустон ва Чин таҳрим ҷорӣ кунанд.

Мақомоти ИМА аз кишварҳои Аврупо даъват дорад, ки таҳримҳо алайҳи Ҳиндустон, аз ҷумла қатъ кардани пурраи интиқоли нафт ва газро ҷорӣ намоянд. Дар ин бора нашрияҳои Axios ва India Today бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додаанд.

Ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп аз роҳбарони Аврупо талаб дорад, ки мисли Амрико ба боҷҳои иловагӣ барои молҳои Ҳиндустон ҷорӣ кунанд. Аз 27 август боҷи иловагии 25-фоизаи амрикоӣ ба воридоти молҳои ҳиндустонӣ мавриди амал қарор гирифт. Ҳоло меъёри умумӣ барои Ҳиндустон 50% мебошад.

Ба иттилои Axios, ИМА инчунин аз Аврупо талаб дорад, ки ба молҳои Чин низ боҷҳои иловагӣ ҷорӣ намоянд. Як мансабдори баландпояи Кохи Сафед ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки аврупоиҳо наметавонанд низоъ дар Украинаро ба таъхир андозанд ва интизориҳои беасосро сафед намоянд, ҳамзамон интизор шаванд, ки хароҷотро ИМА мепӯшонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Набзи Тоҷикистон: Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар шудани некуаҳволӣ дар дарозмуддат пешрафти назаррас ба даст овардааст

"Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар шудани некуаҳволӣ дар дарозмуддат пешрафти назаррас ба даст овардааст. Сатҳи камбизоатӣ тибқи меъёрҳои...

Додгоҳ: Apple истеъмолкунандагонро гумроҳ кардааст

Apple дар доираи созиши додгоҳӣ вобаста ба даъвои гурӯҳӣ 250 миллион доллар пардохт мекунад. Ширкатро ба гумроҳ кардани истеъмолкунандагон...

Мақомоти иёлати Ню-Мексико аз ширкати Meta $3,7 миллиард талаб дорад

Мақомоти иёлати Ню-Мексико аз ширкати Meta талаб доранд, ки 3,7 миллиард доллар пардохт карда, ҳамчунин механизмҳои кори платформаҳои худро...

Ғизои мактабӣ. 1800 мактаб аз ғизо баҳравар аст

Раҳим Саидзода, вазорати маориф ва илм бо Симон Ҳоллема, намояндаи кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) мулоқот намудааст. Ин вохӯрӣ, 7...
spot_imgspot_img

Кормандони бахши Google DeepMind пешниҳоди технологияҳои зеҳни сунъиро ба неруҳои мусаллаҳи Амрико ва Исроил маҳдуд месозанд

Кормандони бахши Google DeepMind дар Британияи Кабир аз таъсиси иттифоқи касаба ҷонибдорӣ карданд. Бо ин роҳ, кормандон мехоҳанд пешниҳоди технологияҳои...

Dushanbe Grand Slam 2026

Бори дигар Гранд Слами Душанбе нишон дод, ки шавқу рағбати мо ба ин навъи варзиш чӣ гуна аст. ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад