МУВАФФАҚИЯТБеморхонаи бунёдшавандаи Дарвоз 20 кат барои беморони Афғонистон ҷудо...

Беморхонаи бунёдшавандаи Дарвоз 20 кат барои беморони Афғонистон ҷудо мекунад

-

Дар ноҳияи Дарвоз Беморхонаи марказӣ дар масоҳати 5 356 мураббаъ бо 100 кати бистарӣ (аз ҷумла 20 кат барои беморон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) сохта мешавад. Баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ин беморхона бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳад шуд.
Ин кор тибқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд анҷом мешавад. Дар доираи лоиҳа дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд дар масоҳати 6 200мураббаъ бо 80 кати бистарӣ ба нақша гирифта шуда, дар ноҳияи Айнӣ сохтмони шӯъбаи таваллуд бо 40 кати бистарӣ (инчунин 10 кат барои хобгоҳи занони ҳомила пеш аз таваллуд) сохта хоҳад шуд.
Ин нуктаҳо имрӯз, 3 декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур шуданд, ки дар чорабинӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ко Сакамото, роҳбари намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳо ва доираи васеъи мутахассисони вазорат, муовинони раиси ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара, Айнӣ, инчунин дигар намояндагони Бонки осиёии рушд, сартабибони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва дигар мутахассисон иштирок доштанд.
Акс аз саҳаифаи фейсбукии Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад