МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40%...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

-

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш диҳад. Дар сурати дастрас гардидани кумаки молиявӣ ва технологии байналмилалӣ ин нишондиҳанда метавонад ба 40 дарсад расад.

Ин ҳадафҳо дар ҳуҷҷати нави иқлимии кишвар — «Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон 3.0» (NDC 3.0) муайян шудаанд. Масъалаи татбиқи он 3 ноябр дар мизи мудавваре, ки дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» баргузор шуд, баррасӣ гардид.

Тоҷикистон ҳамчунин ният дорад, ки то соли 2030 партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба сатҳи соли 1990 то 10 дарсад коҳиш диҳад. Бо дастгирии молиявӣ ва технологии байналмилалӣ ин нишондиҳанда метавонад то 25 дарсад расонида шавад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни чорабинӣ таъкид кард, ки тасдиқи NDC 3.0 аз ҷониби Ҳукумати кишвар 16 октябри соли 2026 қадами муҳим дар таҳкими уҳдадориҳои иқлимии Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, акнун масъалаи асосӣ татбиқи амалии ҳадафҳои муайяншуда аст.

Барои иҷрои тадбирҳои пешбинишудаи NDC 3.0 дар давраи солҳои 2026–2035 вобаста ба сенарияи татбиқ аз 20 то 22,5 миллиард доллар маблағ зарур аст. Ин маблағгузорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, технологияҳои муосир ва сармоягузории бахши хусусӣ пешбинӣ мешавад.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин масъалаҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳии иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ, таҳияи Ҳисоботи дусола оид ба шаффофият (BTR), Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (NAP) ва Стратегияву нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (NBSAP) баррасӣ шуданд.

Дар доираи чорабинӣ Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати NDC 3.0-ро ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон супорид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад