МУВАФФАҚИЯТЯк кг қулфинай 50 сомонӣ. Парвариши судовари ин маҳсул...

Як кг қулфинай 50 сомонӣ. Парвариши судовари ин маҳсул дар зимистон

-

Ҳосили имсолаи Заробиддин

Парвариши қулфинай дар зимистон барои кишвари мо маъмул нест. Заробиддин Абдусаломзодаи 31-сола яке аз нафаронест, ки дар шароити гармхона ба парвариши қулфинай машғул аст ва маҳз дар зимистон ҳосил пухта мерасад.

Ӯ корро дар  0,30 га замин оғоз кард. Ҳоло 15 гармхона дорад, ки ҳар кадоме 60 метр тӯл доранд ва 1 га заминро ташкил медиҳад.
Ин ҷавон беш аз як моҳ аст, ки ҳосили қулфинайро аз гармхонаҳои худ ҷамъоварӣ карда ба бозор арза мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар фасли зимистон дидани чунин ҳосили пурбор ё буттаҳои сабзу ғарқи гул танҳо аз пластикпӯш гаштани порчае аз замин вобаста нест.

Зарфҳои пластик барои бозор омода

Барои гирифтани ҳосили пурбору шаҳдбор, қабл аз ҳама, доштани таҷриба, меҳнати ҳалолу интихоби дурусти тухмӣ ё навъи маҳсулот муҳим арзёбӣ мешавад.
Заробиддин Абдусаломзода мисли ҳазорҳо ҷавонони дигари кишвар қаблан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафт. Чаҳор сол мешавад, ки ба парвариши қулфинай машғул аст ва даромади хубе низ ба даст меорад.
Ин ҷавон ният дорад, ки бо зиёд кардани майдони гармхонаҳои худ оянда содироти қулфинайро ба хориҷ роҳандозӣ намояд.
Ӯ мегӯяд, бо меҳнати ҳалолу интихоби навъҳои бозоргири қулфинай имкон фароҳам мешавад то дар ин соҳа муваффақ шавӣ. Зеро, нисбат ба баҳор дар зимистон харидори ин навъи маҳсулот зиёд аст.
«Ҳоло харидорон аз шаҳри Душанбе омада, 1 кг қулфинайро аз мо 50 сомонӣ харидорӣ мекунанд ва зарурат пеш намояд, ки мо бозор равем. «,- гуфт Заробиддин.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад