ҲАЁТИ СОЛИМРусия ба муҳоҷирон ID-ҳуҷҷати ягона омода мекунад

Русия ба муҳоҷирон ID-ҳуҷҷати ягона омода мекунад

-

Бар асоси захираҳои иттилоотии «Профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ» дар Русия корти ID ҷорӣ хоҳад шуд, ки шахсияти муҳоҷиронро тасдиқ мекунад. Дар ин бора Раёсати асосии масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия хабар додааст.

Ахиран Президенти Федератсияи Русия фармони «Дар бораи захираҳои иттилоотии давлатии «Профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ»-ро имзо кард. Дар ин захира маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Русия ворид мешаванд, аз он мебароянд ва ё дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд, нигоҳ дошта мешавад. Ин низом бояд соли 2026 ба кор оғоз намояд.

«Дар асоси ҳамин захираи иттилоотӣ дар оянда дигар ҳалли техникии муосир низ амалӣ мегардад, масалан, ҷорӣ намудани корти ID — ҳуҷҷати ягонае, ки шахсияти як шаҳрванди хориҷиро дар Русия бо истифода аз нигаҳдории электронии маълумот тасдиқ мекунад.», — омадааст дар канали Телеграмии ин ниҳод.

Маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар низомҳои иттилоотии гуногуни давлатӣ нигоҳ дошта мешавад, ба як парвандаи рақамии ягона муттаҳид карда мешавад. Пояи технологӣ барои ин — маҷмӯи маълумоти биометрӣ хоҳад буд,аз ҷумла тасвир ва изи ангуштҳо).

Созмон додани ин захира ба ВКД Федератсияи Русия супурда шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад