ҲАЁТИ СОЛИМ13 муштзани Тоҷикистон дар Чемпионати XXIII ҷаҳон оид ба...

13 муштзани Тоҷикистон дар Чемпионати XXIII ҷаҳон оид ба бокс

-

Аз 2 то 13 декабр дар шаҳри Дубай Чемпионати XXIII ҷаҳон оид ба бокс баргузор мегардад, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои гуногун ширкат хоҳанд кард. Ба иттилои Varzish.TV, мусобиқа аз рӯйи 13  вазн, ки соли 2021 аз ҷониби Шӯрои директорони IBA тасдиқ шудаанд, доир мешавад.

Дар аввал ҳаққи гузаронидани чемпионати ҷаҳон ба Қазоқистон дода шуда буд, аммо баъди ҳамроҳ шудани он ба созмони World Boxing мусобиқа ба Туркия кӯчонда шуд. Сипас Туркия низ аз баргузории он даст кашид, ва моҳи июли соли 2025 президенти IBA Умар Кремлёв эълон кард, ки кишвари мизбон Аморати Муттаҳидаи Араб шудааст.

Тими миллии Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд:
— Меҳрон Шафиев (48 кг)
— Меҳрҷ Суфиджонов (51 кг)
— Анӯшервон Фозилов (54 кг)
— Хусравхон Раҳимов (57 кг)
— Акмал Убайдов (60 кг)
— Руслан Ғафуров (63,5 кг)
— Шамшер Саидов (67 кг)
— Довуд Маҳкамов (71 кг)
— Шаҳобҷон Шукуров (75 кг)
— Некруз Салимов (80 кг)
— Парвиз Каримов (86 кг)
— Наврӯз Ҷафоев (92 кг)
— Давлат Болтаев (+92 кг)

Ҳаҷми ҷоизаи мусобиқа 8,32 миллион долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҳар категорияи вазнӣ 300 ҳазор доллар, ҷоизадорони мақоми дуюм — 150 ҳазор, мақоми сеюм — 75 ҳазор, ва варзишгароне, ки ба зинаи панҷум мерасанд — 10 ҳазор доллар мегиранд. Тақсими маблағ чунин аст: 50% — ба варзишгар, 25% — ба мураббӣ ва 25% — ба федератсияи бокси кишвар.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад