Президенти ИМА Доналд Трамп алайҳи ширкати расонаии бритониёии BBC бо даъвои судӣ ба маблағи 10 миллиард доллар муроҷиат кард. Аризаи даъвоӣ 15 декабр ба суди иёлати Флоридаи ИМА пешниҳод шуд. Пештар сухан дар бораи аз 1 то 5 миллиард доллар мерафт.
Сабаб баҳс тарзи таҳия ва тадвини суханронии ӯ аз 6 январи соли 2021 меравад, ки BBC онро дар барномаи Panorama истифода бурд. Ин барнома чанде пеш аз интихоботи президентии ноябри соли 2024 пахш шуд, ки дар он Трамп номзади ҳизби демократ Камала Харрисро шикаст дод.
Президенти ИМА ширкати BBC-ро ба «тасвири бардурӯғ, тӯҳматомез, гумроҳкунанда, таҳқиромез, таҳрикдиҳанда ва бадқасдона» нисбат ба худ муттаҳам мекунад. Ба иддаои Трамп, BBC қасд доштааст ба раванди интихоботи президентӣ дахолат намуда, ба натиҷаи он бар зарари ӯ таъсир расонад.
BBC барои барнома порчаҳоро аз қисмҳои гуногуни суханронии Трамп гирифта, онҳоро ба як навори ягона пайваст кардааст. Дар ҳамон рӯз (6 январи соли 2021) дар Вашингтон ишғоли бинои Капитолий рух дод, ки дар он ҷо натиҷаҳои расмии интихоботи президентии соли 2020, ки дар он рақиби Трамп Ҷо Байден пирӯз шуда буд, тасдиқ мешуд.
Трамп, ки он замон ҳанӯз расман мансаби олии давлатиро ишғол мекард, дар суханронии худ боз ҳам иддаоҳои чандин бор радшуда дар бораи тақаллуби интихоботро такрор намуд. Пас аз ин суханронӣ, ҷонибдорони ӯ ба бинои Конгресс ворид шуданд.
BBC эътироф кардааст, ки дар натиҷаи таҳияву тадвин ҳангоми тамошои барнома чунин таассурот пайдо мешуд, ки сухан дар бораи як порчаи ягонаи суханронии Трамп меравад. Ба эътирофи худи ширкат, ин метавонист чунин фикрро ба вуҷуд орад, ки гӯё роҳбари Кохи Сафед мустақиман ба хушунат даъват кардааст. BBC аз ӯ узр хост. Ин қазия яке аз сабабҳои асосии истеъфои директори генералии BBC Тим Дэви ва роҳбари бахши хабарҳо Дебора Тёрнесс номида шуд.
Трамп дар даъвои худ изҳор мекунад, ки BBC қасдан қисми муҳими суханронии ӯро хориҷ кардааст, то изҳоротро дар заминаи таҳрифшуда нишон диҳад.
Пештар вакилони дифои президенти ИМА ба BBC нома фиристода, таҳдид карда буданд, ки агар ширкат узр напурсад, барномаро пок накунад ва ҷуброн напардозад, ба суд муроҷиат хоҳанд кард. BBC эълон кард, ки барнома дигар пахш намешавад, аммо аз пардохти ҷуброн саркашӣ намуда, набудани асос барои даъвои тӯҳматро таъкид кард.
Ин аввалин ҳолате нест, ки президенти ИМА алайҳи расонаҳо чораҳои ҳуқуқӣ меандешад. Аз оғози давраи дуюми раёсатҷумҳурии худ дар моҳи январ, Трамп суханронии худро нисбат ба рӯзноманигорон шадидтар карда, борҳо бо мақсади бадномсозӣ ё маҳдуд кардани нашрияҳо дар бораи худ ва маъмурияташ ба даъвоҳои судӣ муроҷиат кардааст.
Трамп пайваста расонаҳои бузургро ба паҳн кардани «хабарҳои қалбакӣ» муттаҳам мекунад ва барои саволҳои нороҳаткунанда рӯзноманигоронро ошкоро таҳқир менамояд. Ба ақидаи мунаққидон, даъвоҳои судии чандмиллиардӣ яке аз абзорҳои фишор ба шумор мераванд.
Даъвоҳои қаблӣ
Пештар Трамп алайҳи шабакаҳои телевизионии амрикоии CBS ва ABC низ даъво пешниҳод карда буд. Дар ҳарду ҳолат ҷонибҳо бо пардохти маблағҳои калон ба созиш расида, парвандаро то ба суд нарасониданд. Мунаққидон чунин амалҳоро ҳамчун кӯшиши тарсондан ва таҳдид ба озодии матбуот арзёбӣ мекунанд.
Илова бар ин, Трамп алайҳи рӯзномаи The New York Times низ даъво пешниҳод карда, онро дар тӯҳмат пеш аз интихоботи соли 2024 муттаҳам ва ҷуброни миллиарддолларӣ талаб кардааст. Нашрия ин даъворо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беасос номида, онро кӯшиши монеъ шудан ба рӯзноманигории мустақил арзёбӣ кард.
Президенти ИМА ҳамчунин бо магнати расонаӣ Руперт Мёрдок, ки нашрияҳояш одатан нисбат ба ӯ муносибати мусбат доштанд, ба низоъ даромад. Трамп аз ӯ ҷуброни чандмиллиондолларӣ талаб дорад. Сабаб нашри мавод дар The Wall Street Journal дар бораи робитаи эҳтимолии Трамп бо Ҷеффри Эпштейн — шахсе, ки барои ҷиноятҳои ҷинсӣ маҳкум шуда буд, мебошад. Сухан дар бораи номаи табрикотии гӯё дорои муҳтавои ошкоро ба муносибати 50-солагии Эпштейн дар соли 2003 меравад, ки бо номи Трамп имзо шудааст. Президенти ИМА рад мекунад, ки муаллифи ин нома бошад.



