НАВИДМиҷгона Самадова, муштзани тоҷик соҳиби медали тилло гардид

Миҷгона Самадова, муштзани тоҷик соҳиби медали тилло гардид

-

Миҷгона Самадова, муштзани тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни 19 то 40-солаҳо медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқа аз 7-ум то 11-уми декабр ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд.

Миҷгона Самадова дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Мишидма Эрденеделай аз Муғулистон ва Моника Серафин аз Лаҳистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Малика Шаҳидоваи русиягиро мағлуб кард ва ба финал баромад. Муштзани тоҷик дар муҳорибаи ниҳоаш Мунгунсаран Балсани муғулистониро шикаст дод.

Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои ихроҷкунандаи нафт, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнӣ миёни мардон ва 6 дараҷаи вазнӣ миёни занон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 кишвар ширкат карданд: Беларус, Зимбабве, Лаҳистон (Полша), Кипр, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Чили, Ҷумҳурии Чех ва Эстония.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад