МУВАФФАҚИЯТСоҳаи камхарҷу сердаромад. Ягона занбрӯғпарвар дар Хуҷанд кист?

Соҳаи камхарҷу сердаромад. Ягона занбрӯғпарвар дар Хуҷанд кист?

-

Худойназар Аъзамови 55-сола, ки собиқаи беш 20- солаи омӯзгорӣ ва деҳқонӣ дорад. Ӯ зодаи шаҳри Панҷакент буда, 10 сол қабл ба Хуҷанд кӯч баст. Ҳоло манзилаш дар наздикии Корхонаи воҳиди давлатии “Садаф” воқеъ буда, соҳиб майдони васеи замин аст, ки ба зироатпарварию боғдорӣ мусоид мебошад. Ӯ мегӯяд, баъд аз фаъолияти омӯзгорӣ солиёни дароз бо кишти анвои гуногуни сабзавот машғул буд. Соли гузашта қарор кард, ки парвариши занбурӯғро низ месанҷад.
Ҳамин тариқ, Худойназар аз тариқи Интернет бо кори занбурӯғпарварони ӯзбекистонӣ шинос шуд. Зеро, дарк кард, ки парвариши ин растанӣ кори на он қадар заҳматталаб ва серхарҷ аст. Тасмим гирифт, ки ба назди яке аз занбурӯғпарварони ӯзбекистонӣ мераваду таҷриба меандӯзад.
“Соли гузашта ба шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон рафтам. Абдулло ном занбурӯғпарвар, ки собиқаи зиёд дорад, равиши корро ба ман омӯзонд. Бо кумаки ӯ 160 кг тухмии хушсифати занбурӯғ ва селофани махсусе, ки дар Тоҷикистон камёфт аст, харида ба Хуҷанд баргашта, санаи 10 феврал дар як хонаам аввалин бор занбурӯғро кишт кардам.”, — иттилоъ дод Худойназар.
Барои занбрӯғпарвари навкор дар аввал 2 тонна шулха, сабӯси чигити пахта лозим шуд. Зеро, тухмии занбурӯғро одатан дар он мекоранд. Яъне, шулха ба ҷойи хок истифода мешавад.
“Дар даруни селофани махсусе, ки аз Ӯзбекистон харида омадем, шулхаро андохтем. Дарозии як халтаи селофанӣ 55 см аст. Халтачаи селофаниро бо шулха пур кардем. Ҳар халтаро аввал бо 10 см шулха пур кардему тухмии занбурӯғро пошидем. Аз болои тухмӣ боз 10 см шулха пур кардем. Ҳамин тавр, боз 2 бор шулха партофта, тухмии занбурӯғро пошидем. Дар як халтаи селофанӣ 200 гр тухмии занбурӯғ сарф мешавад. Сипас поён ва паҳлӯҳои халтаро сӯрох кардем то занбурӯғ сабзад.”, — илова кард Худойназар Аъзамов.
Дар гармхонаи Худойназар 800 халтаи селофанӣ ҳамоил аст, ки ҳамагӣ дар ҳоли сабзишанд. Баъди 22 — юмин рӯзи кишт аввалин занбрӯғҳо пухта расид ва дар 29- умин рӯзи кишт ҳосили аввалро ба бозор баровард.
“Хушбахтона, кишти занбурӯғ бобарор шуд. Аз ҳосили якум 800 кг занбурӯғ ба даст омад ҳамон рӯз нархи 1 кг – и он дар бозор ба 25 сомонӣ баробар буд. Агар духтару писаронам ҳар рӯз чакана фурӯшанд, 1 кг – и он то 30-40 сомонӣ ба фурӯш меравад.”,- қайд кард Худойназар.
Қаҳрамони мо аз он хурсанд аст, ки акнун ҷамъоварии ҳосили дуюм фаро мерасад. Ӯ итминон дорад, ки то моҳи август чанд бори дигар ҳосил ба даст меорад.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Худойназар хеле серташвиш шуд. Ӯро мебоист ҳарорати гармхонаро то 22-24 дараҷа рӯйи сифр нигоҳ дорад.

“Бо печи бухорӣ даруни хонаро гарм кардем. То муътадил шудани ҳаво каме ангишт сарф шуд. Ҳозир ҳаво нағз аст. Бо шамолдиҳакҳои сунъӣ ҳаворо тоза карда меистем. Рӯзона ҳавои болои гармхонаро тоза мекунем, шабона поёни онро. Барои сабзиши занбурӯғ раъду барқ лозим нест, танҳо ҳолати намии хона бояд нигоҳ дошта шавад. То неш зада баромадани замбӯруғ дар 1 рӯз бо обпошак як бор об медиҳем. Вақте  сари занбурӯғ пайдо шуд, шому саҳар ба халатҳо об мепошем.”, — гуфт Худойназар Аъзамов.

Баъди 6 моҳи ҳосилгирӣ шулхае, ки дар 800 халта ба ҷойи хок истифода бурдааст, партов намешавад. Ба гуфти Худойназар, ин шулхаро боз ба чорво ҳамчун ғизо додан мумкин аст. 
Худойназар Аъзамов мегӯяд, дар вилояти Суғд нафари дигаре нест то ба парвариши занбурӯғ, ки соҳаи хеле сердаромаду камхарҷ аст, машғул шавад. Дар Ӯзбекистон аз парвариш ва содироти ин навъи растанӣ фоидаи калоне ба даст меоранд. Ба бовари вай, агар дар як минтақа 40-50 нафар ба парвариши занбурӯғ машғул шаванд, имкон аст, ба Русия ё кишварҳои дигар содироти занбурӯғро ҳар рӯз ба роҳ монда, соҳиби даромади хуб шаванд.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
12
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роботҳои ғизорасон дар Алмаато

Дар Алмаато хидмати нави интиқоли ғизо бо истифода аз роботҳои Яндекс ба кор шурӯъ кард. Ин роботҳо қодиранд мустақилона...

Натиҷаи бозӣ бо Марокаш: 4:2

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 доир кард. Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи...

Фотиҳаи бармаҳал чаро ҷавобгарӣ надорад?

Номзадкунӣ ё фотиҳаи бармаҳал то кунун дар баъзе аз нуқоти кишвар ҷой дорад ва чунин ҳолатҳо дар Исфара низ...

Шабакаи X Сан-Франсискоро тарк мекунад

Шабакаи иҷтимоии X имрӯз, 13 сентябр Сан-Франсискоро тарк мекунад. Идораи шабакаи иҷтимоии X Сан-Франсискоро бо сабаби қонуни гендерӣ тарк...
spot_imgspot_img

4 медали биринҷӣ аз Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён

Варзишгарони тоҷик то кунун дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон соҳиби 4 медали биринҷӣ гардидаанд. Дадахон Қурбоналиев,...

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон киҳоянд?

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2024 вориди Тошканд шуд.  Бозиҳо аз 14 сентябр то 6 октябр баргузор...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад