ҲАЁТИ СОЛИМПешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

-

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду соли дигар дар мақоми роҳбари ҳукумат боқӣ монда, сипас комилан аз сиёсат канор равад. Дар иваз, ба ӯ ваъдаи афв аз рӯи парвандаҳои фассод дода шудааст.

Ин ташаббус метавонад заминаи ташкили ҳукумати навро бо нигоҳ доштани тақсимоти кунунии курсиҳои парлумонӣ фароҳам оварад. Дар сурати ивазшавии роҳбарии ҳукумат, Бинямин Нетаняҳу ният дорад аввалин шуда мақоми сарвазириро ба уҳда гирад. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки ду соли дигар бо президенти ИМА Доналд Трамп робитаи мустақим дошта бошад.

Тибқи натиҷаҳои пешакии интихоботи рӯзи 27 октябр, эътилофи Бинямин Нетаняҳу дар парлумон 53 курсӣ ба даст меорад. Дар ҳамин ҳол, эътилофи мухолифони ӯ бо номи «Лагери тағйирот» соҳиби 48 курсӣ мешавад.

Нашрияи «Маарив» менависад, ки президенти Исроил метавонад сенарияи эҳтимолии ташкили ҳукуматро роҳи баромадан аз бунбасти сиёсӣ арзёбӣ кунад. Зеро на эътилофи ҳоким ва на мухолифон барои мустақилона ташкили ҳукумат аксарияти зарурӣ — 61 курсӣ надоранд.

Аммо дафтари президенти Исроил ин хабарро «комилан сохта» номида, изҳор доштааст, ки дар мавриди ташкили ҳукумат ба тахмину овозаҳо машғул нест.

Бинямин Нетаняҳу аз моҳи декабри соли 2022 мақоми сарвазири Исроилро соҳиб шуда буд. Ӯ қаблан низ солҳои 1996–1999 ва 2009–2021 роҳбарии ҳукумати ин кишварро ба уҳда дошт.

Аз соли 2019 ба ин сӯ нисбат ба Нетаняҳу чандин бор тафтишот идома дорад. Ӯ ба қаллобӣ, сӯиистифода аз эътимод ва фасод айбдор мешавад. Аз ҷумла, сухан дар бораи гирифтани туҳфаҳои гаронбаҳо аз соҳибкорони бонуфуз — сигор ва шампан ба маблағи даҳҳо ҳазор доллар дар ивази пешбурди манфиатҳои онҳо меравад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад