ҲАЁТИ СОЛИМЧаро хонандаи мактаб қотил шуд?

Чаро хонандаи мактаб қотил шуд?

-

Ҳодиса чӣ гуна рӯх дод?
Дар мактаби таҳсилоти умумии деҳаи Горки-2-и ноҳияи Одинсовои Русия хонандае бо корд ба дигар хонандагон ва посбон ҳамла кардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса кӯдаки 10-солаи тоҷик ҷон бохт.
Ҳодиса субҳи рӯзи сешанбе дар шаҳраки Горки-2-и назди Маскав, дар шоҳроҳи Рублёво-Успенское рух дод.
Навраси 15-сола бо номи Тимофей  ҳамроҳ бо даҳҳо хонандаи дигар ба мактаб ворид мешавад, вале дар ҷузвдон корду балончаи қаламфур меорад.
Пас аз ворид шудан ба муассисаи таълимӣ Тимофей ба ҳоҷатхона ворид шуда дар он ҷо камзӯли сиёҳ  пӯшида кордро дар он пинҳон мекунад ва ба сараш кулоҳ бо рамзҳои созмонҳои ифротгаро ороёфтаро кашида ба рӯяш ниқоби тиббӣ мепӯшад. Ба кулоҳ бо лентаи часпанда камераро маҳкам карда, тамоми воқеаро дар канали Telegram-и худ мустақим нашр мекунад.
Аз ҳоҷатхона баромада, наврас тақрибан даҳ дақиқа дар долонҳои ошёнаи якум гашта, ба синфхонаҳое нигоҳ мекунад, ки дар онҳо дарсҳои синфҳои ибтидоӣ ҷараён доштанд.
Ба иттилои нашрияи Коммерсант, баъзе омӯзгорон бо ӯ суҳбат кардаанд, вале  кулоҳи дар сари хонанда онҳоро чандон нигарон накардааст. Баъдтар маълум шудааст, ки Тимофей дар ҷустуҷӯи омӯзгори риёзии 29-сола будааст. Тибқи баъзе маълумот, маҳз ӯро наврас ҳамчун қурбонии аввал интихоб карда буд, гӯё омӯзгор нисбат ба ӯ сахтгир буда, барои нишондиҳандаҳои ғайриқаноатбахш ва дарсгурезӣ сарзаниш мекардааст.
Аммо нақшаҳои Тимофей замоне тағйир ёфтанд, ки дар гушаи дигари долон гурӯҳи хонандагони синфи чорумро бо омӯзгорашон мебинад. Кордро бароварда, ба назди онҳо рафта аз кӯдакон мепурсид, ки ба кадом миллат тааллуқ доранд. Омӯзгор бо ҷисми худ кӯдаконро паноҳ дод ва посбонро, марди 32-сола Дмитрий Павловро, даъват мекунад. Ҳамин ки посбон наздик шуда талаб менамояд ки силоҳро дур гузорад, хонандаи синфи нӯҳум ногаҳон ба рӯяш гази қаламфур пошид ва баъд ба пушти мард корд задааст.
Аксари кӯдакон дар ин лаҳза ҳамроҳи омӯзгорашон тавонистанд ба синфхона ворид шаванд, танҳо як писарбачаи даҳсола аз зинапоя ба ошёнаи дуюм давидааст.
Гумонбар ӯро миёни ошёнаҳо дастгир карда, бо хунсардӣ чанд зарбаи корд мезанад. Пас аз ин, тариқи смартфонаш ҷасади дар хун оғуштаро акс гирифтааст.
Дар ҳамин вақт хабар дар бораи ҳодисаи фавқулода тавассути чати дохилии мактаб паҳн шуда волидон ба сӯи бинои мактаб шитофтанд. Дар яке аз утоқҳои холишуда Тимофей паноҳ бурдааст.Нерӯҳои вижа ба ҷойи ҳодиса расида бо ӯ музокираро оғоз намуданд ап соати 10:15 хонанда худро таслим кардааст.
Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав нисбат ба навраси 15-сола бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаи 105, қисми 3 моддаи 30 ва қисми 2 моддаи 105 Кодекси ҷиноятии ФР) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Ба ӯ ташхиси комплексии равонӣ-психиатрӣ таъйин карда мешавад. ҳадди ақал якуним соли охир Тимофей дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо матолиби бо ҳамин мазмунро нашр мекардааст.
 
Навиштаи 1 рӯзи қабли Тимофей чаро нодида гирифта шуд?
Ӯ ба ин амал пешакӣ омодагӣ дида аст. Як рӯз қабл ба ҳамсинфонаш манифести навиштаи худро бо номи «Ғазаби ман», ки аз 11 саҳифа иборат буд, фиристодааст. Дар он ӯ нафраташро нисбат ба одамон, аз ҷумла мусулмонон ва яҳудиён баён карда, ба «эҳёи масеҳият» даъват намудааст, ки ба ақидаи ӯ бояд тавассути кушторҳои оммавӣ анҷом дода шавад. Ба ғайр аз ин, ҳадди ақал якуним соли охир Тимофей дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо матолиби бо ҳамин мазмунро нашр мекардааст.
Матолиб бо истифода аз хабару гузоришҳои Коммерсант, ТАСС, РИА Новости таҳия шуд. Аксҳо аз манбаъҳои боз
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад