ОЛАМИ МАҶОЗӢҚадрдонии наворварону ихтироъкорон

Қадрдонии наворварону ихтироъкорон

-

Акс аз саҳифаи фейсбукии МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ҷамъбаст ва ғолибон соҳиб ҷоиза шуданд.
Ин чорабиниро МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор кард. Дар доираи ҳафта намоиши дастовардҳои техникиву технологӣ ва илмию инноватсионӣ, IT -гап, Дарси маҳорат (Мастер-класс), Озмуни шаҳрии “Илм ва амал”, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба “Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои омӯзиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, Озмуни шаҳрии “Омӯзгори муосир”, “Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” ва озмуни “Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ” гузаронида шуд. 
Озмуни “Илм ва амал” 21 майи соли равон дар Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 63 лоиҳа аз ҷониби хонандагони 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав ва муассисаи таълимии хусусии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷониби хонандагон 44 лоиҳаи ихтироъкорӣ ва 19 лоиҳаи инноватсионӣ ба таври гурӯҳӣ ва инфиродӣ муаррифӣ гардид. Натиҷаи ҷамъбасти озмун нишон дод, ки 37 номгӯйи лоиҳаҳо ғолибият ба даст оварданд.
Рӯзҳои 22-23 майи соли равон дар Парки технологии Маркази ҷавонон Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз рӯи номинатсияҳои «Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ», «Робототехника» ва «Дизайни графикӣ» баргузор гардид. Дар Форум зиёда аз 230 довталаб иштирок карданд ва аз ҳар номинатсия сетоӣ ғолиб муайян карда шуд. Бар иловаи ин, 10 нафар довталаби фаъоли дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар озмуни шаҳрии “Омӯзгори муосир”, ки 23 май дар толори компютерии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид, 64 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок карданд. Тариқи барномаи MyTest донишҳои назариявии омӯзгорон анҷида шуд. Дар марҳилаи дуюм иштирокчиён тавассути сомонаи https://vjudge.net/ ба барномасозӣ машғул шуда, лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд. Ҳамин тавр, 3 нафар омӯзгор дар озмуни мазкур ғолибият ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки озмуни шаҳрии “Омӯзгори муосир” бори нахуст дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои Ҳафта озмуни “Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ” ҷамъбаст гардид, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шакли нав ва бахши хусусӣ яктоӣ кабинети беҳтарин муайян карда шуд.
Хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои Ҳафта фаъолона ширкат варзиданд. Озмунҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон тибқи муқаррароти низомномаҳо дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои моддиву маънавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад