МУВАФФАҚИЯТМардони ҷудочии Тоҷикистон дар 10-гона

Мардони ҷудочии Тоҷикистон дар 10-гона

-

Дар риштаи ҷудо миёни мардон кишвари мо дар даҳгона шомил буда, дар умум, аз рӯйи ин навъи варзиш кишвари мо дар 17-гона мавқеъ дорад.
Ҷудо риштаи варзишии олимпӣ мебошад ва дар он усулҳои партоб, лат додан ва нафасгир кардани ҳариф истифода мешавад. 

Тақсимбандии вазнҳо ҳамчунин тақсимбандии ҷудокорон ба гуруҳҳои синну солӣ вуҷуд доранд:
  • Хурдсолон – писарон ва духтарони  то 12 сола
  • Синну соли миёна – писарон ва духтарони то 14 сола
  • Наврасон – писарон ва духтарони то 17 сола
  • Навҷавонон – писарон ва духтарони то 20 сола
  • Ҷавонон – писарону духтарони то 23 сола
  • Мардон ва бонувон. Собиқадорон –  аз 30 сола боло.
Таърихи пайдоиши гуштини ҷудоро ба соли 1882 рост медонанд, зеро дар ин сол ҷавони 21-солаи ҷопонӣ Дзигаро Кано мактаби «Кодокан» ташкил карда буд ва инро оғози пайдоиш ва омузиши  ҷудо меҳисобанд. Дар ин баробар дар сарчашмаҳои таърихӣ дарҷ шудааст, ки асосгузорони гуштини ҷудо дар аввал ба тамрини намуди варзиши ҷиу ҷитсу машғул буданд. Аз ин рў дар аввал ҳаракатҳои ин ду риштаи варзиш ба якдиагар то андозае шабоҳат доштанд.   Ташкилкунандагони ин риштаи варзиш бисёр кушиданд то намуди варзиши эҷодкардаашон аз ҷониби давлат пазируфта ва баъдан  дар олам паҳн гардонида шавад. Ниҳоятан  соли 1886 ҷудо дар сатҳи давлатӣ дар Ҷопон пазируфта шуд ва  баъдан қобили қабули оламиён гардид. Соли 1889 аввалин мактабҳои омузиши ҷудо дар Аврупо ташкил карда шуд ва соли 1956 дар шаҳри Токио аввалин чемпионати ҷаҳон гузаронида шуд. Соли 1964 бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токиои давлати Ҷопон баргузор гардид ва ҷопониҳо имкон пайдо намуданд, ки гӯштини ҷудоро шомили бозиҳои олимпӣ намоянд. Ҳаминтавр соли 1964 ҷудо шомили бозиҳои олимпӣ гардид.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад