БИЗНЕС-КЛУББозори гардуни Анақул Тошпӯлодов

Бозори гардуни Анақул Тошпӯлодов

-

Анақул Тошпӯлодов бо муштарӣ

Анақул Тошпӯлодов сокини 57-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, беш аз 15 сол аст, ки аз бозорҳои шаҳри Бохтар меваю сабзавоти мухталифро харидорӣ ва назди биноҳои баландошёна мефурӯшад. Ӯ ҳамарӯза ҳудуди 300 кг маҳсулотро тариқи ароба дар кӯчаҳои шаҳр мегардонад.

“Дар аробаам 300 килограмм бор аст. Ҳар рӯз наздик ба 10 км роҳ меравам. Ин кор бароям чандон мушкил нест. Зеро, бо меҳнати ҳалол ризқамро меёбам. Мизоҷон дар ҳаққам дуои нек мекунанд, чунки маҳсулотро ба назди хонаашон мебарам. Фарзандонам дар паҳлӯям низ кор мекунанд. Вале ман намехоҳам, миннатпазир бошам. Касбу корамро дӯст медорам. Рӯзе дар хона бекор бошам, худро заъифи мариз эҳсос мекунам. Кор ба солимии баданам таъсири мусбат мерасонад, зеро, ҳар рӯз дар ҳаракат ҳастам.”,-мегӯяд Анақул Тошпӯлодов

Меваҳои болои аробаи Анақул Тошпӯлодов

Амаки Анақул дар шаҳри Бохтар иҷоранишин аст. Моҳе як бор ба дидани пайвандонаш меравад. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд, се писар ва ду духтар аст. Қаблан аробакашӣ мекард, маҳсулоти харидорикардаи мардумро аз дохили бозорҳои шаҳр то манзилашон мерасонд. Акнун ин корро ба тиҷорати хурде табдил додааст. Субҳи барвақт аз хона берун шуда то шом маҳсулот мефурӯшад.

“Дар мавсими меваю сабзавот ва полезиҳои  гуногун, аз ҷумла, шалғаму турб, шибиту гашнич, пиёзу сабзӣ, себу анор, ангуру шафтолуро аз деҳқонбозори “Ҳоҷӣ Шариф” харидорӣ намуда, дар назди хонаҳои мардуми шаҳр мефурӯшам. Шукри Худованд, дар як рӯз беш аз 100 сомонӣ фоида ба даст меорам. Мардум аз ман мепурсанд, ки “бо ин қадар бори вазнин хаста намешавӣ?- Чаро хаста шавам?! Роҳҳо мумфаршанд. Гардиши чархи аробаам ризқамро медиҳад. Ҳама касбу кор заҳматталаб аст. Зинҳор набояд баҳонаи набуди кор кард. Танҳо ганҷе, ки арзиши ҷустуҷӯ карданро дорад, ҳадаф аст.”,—мегӯяд ин пирамард.

Анақул Тошпӯлодов таъкид мекунад, ки заҳмат инсонро обутоб дода, соҳиби иззату эҳтиром мегардонад. Инсоне, ки бо нодонӣ ва бекорӣ вақти худро сипарӣ менамояд, бигзор, ашкҳояш ҳамеша ба рӯхсораҳояш сарозер бошад.

Наҷибулло Валиев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад