БОЛТаҳсилу кори Нилуфар дар AUCA (АУЦА)

Таҳсилу кори Нилуфар дар AUCA (АУЦА)

-

Ин навбат мо дар барномаи навбатии “Бол” бо Нилуфар Ҳомидова, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ доир ба таҳсилу кор дар ин муассиса, бурсияи ба даст овардааш, сайёҳат, блогинг ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кардем.

Нилуфар пас аз хатми мактаби миёна ба беш аз 10 донишгоҳи хориҷӣ ҳуҷҷат супорид ва ба ӯ муяссар шуд, ки дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дохил шавад.

«Фикр мекунам, берун аз ҷумҳурӣ хондан барои ҳеҷ кас осон нест. Солҳои аввал барои ман ҳам хеле мушкил буд, дурӣ аз аҳли оила, муҳити нав, дарсҳои душвору пурра нофаҳмо ва дигар мушкилиҳо… Дар ниҳоят ҳамааш паси сар шуд.», — гуфт ӯ.

Нилуфар дар риштаи муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил мекунад. Инчунин дар маркази машваратии донишгоҳ ба донишҷӯёни курсҳои поёнӣ раванди таҳсилро мефаҳмонад.

«Нарху наво дар Бишкек нисбат ба Душанбе гаронтар аст, вале ман танқисӣ намекашам, зеро, идрорпулӣ ва маошам бароям мерасад.», — илова кард Нилуфар.

Ин тобистон аз тариқи барномаи сайёҳие Нилуфар ба як қатор давлатҳои Аврупо сафар карда, ба ин васила ҷаҳонбинии хешро фаррох кард.

Нилуфар дар Instagram фаъол буда, ба обуначиҳояш дар бораи таҳсил дар хориҷи кишвар, маконҳои сайёҳӣ, худсозӣ ва ғайра маълумот медиҳад.

Инчунин дар якчанд чорабинӣ ҳамчун ментор барои таҳсили ҳамватанон дар хориҷи кишвар, махсусан дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ мусоидат кардааст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад