ЗАБОНОМӮЗӢ$2,5 миллион бурсияи хонандагони Литсейи шаҳри Хуҷанд

$2,5 миллион бурсияи хонандагони Литсейи шаҳри Хуҷанд

-

Давоми соли хониши 2021-2022 муҳассилини литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаи фаннии байналмиллалӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок карда 493 медал (тилло, нуқра ва бринҷӣ) ба даст овардаанд.

Аз миёни иштирокчиён 12 нафар хатмкунанда дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар бурсияи омӯзишӣ ба даст оварданд, ки барои идомаи таҳсил дар беш аз 20 донишгоҳи бонуфӯзи Амрико ва мамолики дигар имконият медиҳад. Онҳо бо ин маблағ чаҳор сол ройгон таҳсилу иқомат мекунанд.

Махлиёхон Авзалова хонандаи синфи 11-и литсей ҳафтае пештар дар ҳаҷми 96 ҳазор доллар бурсияи Донишгоҳи Крейтони Аёлоти Амрико гардид. Ӯ давоми як соли ахир дар олимпиадаҳои фосилавии FISO, Math Chellenj иштирок карда, мақомҳои намоёнро касб карда буд. Авзалова мегӯяд, бо ин миқдор маблағ чаҳор сол аз рӯйи ихтисоси табиатшиносӣ ройгон таҳсил карда метавонад. Ин толибилм аз синфи 10 ба ин сӯ дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ иштирок мекунад ва сирри дарёфти роҳхат ба яке аз донишгоҳи бонуфузи ҷаҳонро натиҷаи ғолибиятҳояш бо забони англисӣ ва тарзи дурусти навишти эссе медонад.

“Ду навъи эссе ҳаст, якеро дар бораи хеш мегӯӣ ва дуввумро навишта ба донишгоҳҳо мефиристед. Эссе бо забони англисӣ навишта мешавад, онҳо мехонанд ва таҳқиқ мекунанд, ки чаро маҳз донишгоҳи онҳоро интихоб кардед. Бояд бо ҳамон шакле нависед, ки ба талабот ҷавоб диҳад. Ман аз Донишгоҳҳои Амрико дар Балгария, Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ, ки дар Қирғизистон воқеъ аст, роҳхат ба даст овардам. Донишгоҳи аввалиро интихоб кардам, ки дар ин ҷо имкониятҳо бештар буда, профессорону омӯзгорони ботаҷриба дарс мегӯянд.”,-нақл кард Маҳлиё Авзалова.

Амирбек Зокиров, як хатмкунандаи дигари литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд низ чанде қабл 150 ҳазор доллар бурсияи донишгоҳи Волши аёлоти Оҳаёи Амрикоро ба даст овард. Ӯ мехоҳад таҳсилро дар ин донишгоҳ аз рӯйи ихтисоси тиҷорат ва соҳибкорӣ идома диҳад. Амирбек низ давоми як соли хониш дар олимпиадаи фосилавии Анталия баргузор шуда буд аз фанни забони англисӣ мақоми ифтихориро касб кард. Ӯ дар дар олимпиадаҳои дигари байналмиллалӣ ба монанди Фисо, Хиппо, Коперникус низ иштирок кардааст.

Вай афзуд, панҷ сол дар мактаб-литсей таҳсил кард ва забони англисиро омӯхт. Дар ниҳоят ба орзуяш расид.

“Мақсади асосии ман ин аст, ки аз донишҳои байналхалқӣ бархӯрдор шуда ба Ватан бар мегардаму ҳамчун соҳибкори инфиродӣ кор хоҳам кард.”

Фирдавс Муҳаммадҷонов, хатмкунандаи дигар низ 16 ҳазор доллар бурсияи таҳсилро соҳиб шудааст. Ӯ барандаи як қатор олимпиадаҳои байналмилалии Hippo, IMEC аз фанҳои математика ва забони англисӣ аст ва имсол дар Алмаато ғолиби ҷойи якум ва соҳиби гранти омӯзишӣ шуд.

Моҳи апрели имсол Алишер Қосимов хонандаи синфи 11-и ин литсей 1 миллион доллар гранти омӯзишӣ дар 8 донишгоҳи бонуфӯзи Амрико ва Шветсарияро ба даст оварда буд. Омӯзгорон мегӯянд, ӯ дар ниҳоят тасмим гирифт, ки дар яке аз донишгоҳҳои Ню-Йорки Амрико аз рӯи ихтисоси асабшиносӣ таҳсилашро идома диҳад. Донишгоҳҳои хориҷа ба ин хонандаи тоҷик баъди пирӯзиҳояш дар чанд олимпиадаи байналхалқӣ аз фанҳои математика ва забони англисӣ таваҷҷӯҳ карда буданд.

Сураёхон Неъматзода, директори МДТ “Литсейи барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар ин муассиса 600 хонанда таҳсил мекунад.

Таҳсил дар ин муассиса комилан бо забони англисӣ аст ва забондонӣ ба 470 нафар хонанда имкон дод, ки ба ҳаракати олимпӣ шомил шаванд. Хонум Сураёхон Неъматзода мегӯяд, муҳассилини ин мактаб-литсей давоми як соли хониш дар олимпиадаҳои байналмиллаӣ соҳиби 401 ҷойи ифтихорӣ шуданд. Аз 41 нафар хатмкунандагон 12 нафар ба донишгоҳҳои Амрико, 30 нафар ба донишгоҳҳои Ҷопон, Шветсария, Англия ва боқимонда ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдаанд.

Ҳоло боз як гурӯҳ хонандагон барои иштирок дар олимпиадаи байналхалқӣ аз фаннҳои дақиқу англисӣ дар Олмон ва шаҳри Лондон роҳхат гирифтаанд ва моҳҳои наздик дар он ширкат мекунанд.

Ҳалим Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад