МУВАФФАҚИЯТОҳангаре, ки аз 12-солагӣ обу тоб меёбад

Оҳангаре, ки аз 12-солагӣ обу тоб меёбад

-

Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои куҳани мардуми мо маҳсуб мешавад. Вале ин пеша басо душвору пурмашаққат аст.

Имрӯз мо аз ҳаёти оҳангари ҷавони кӯҳистони деҳаи Басманда мегӯем, ки ҳанӯз аз синни 12-солагӣ ба ин ҳунар дил бастааст.

“Ҳоло 24-сола ҳастам ва аз 12-солагӣ дар пеши падарам ба омӯзиши нозукиҳои касби оҳангарӣ ҳамроҳи бародару додарам – Файзалӣ ва Нуруллоҳ пардохтем. Албатта дар оғоз ман танҳо ба корҳои сабуки устохона – оташ гирондан, ангишт партофтан, дам кардани кураи оташ ва дастрас кардани асбобҳои оҳангарӣ ба усто машғул мешудам. Он замон танҳо зеҳнамро ба нозукиҳои касб ва чи гуна омода кардани як асбоби тайёр аз ашёи хом равона мекардам.”, — нақл мекунад Файзуллоҳ.

Бо гузашти беш аз даҳ сол акнун Файзуллоҳ Худойбердиев ба яке аз оҳангарони ҷавони моҳир ва боистеъдод табдил ёфтааст. Ҳудуди ду моҳ пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, имрӯз ҳамроҳи падараш – Субҳонбердӣ дар хидмати мардум аст.

Ба гуфти Файзуллоҳ, ҳоло ба ҷуз аз оҳангарӣ, инчунин аз ӯҳдаи иҷрои кафшергарӣ ва кор бо асбоби оҳанбурӣ низ мебарояд.

Вобаста ба мавсим, мардум барои сохтани ин ё он ашёи лозима дари устохонаи онҳоро мекӯбанд. Асосан дар устохонаи ин хонавода асбобҳои рӯзгор, аз қабили кафгир, корд, оташгирак, зулфаки дар, гулмех, наъл, болға, теша, ҷоду, табар ва ҳамчунин олоти кишоварзӣ – доси хурду калон, хаскаш, бел, панҷшох, метин, зоғнул, каланд, оҳан ва пешоҳани ҷуфт сохта мешавад.

Касби оҳангарӣ барои оилаи Худойбердиевҳо акнун ба манбаи аслии даромад табдил ёфтааст. Мардуми диёри Басмандаи ноҳияи Деваштич, ҳамсоядеҳаҳо- Дархон, Қалъаи Дӯст, Чӯянгарон, Қалъаи Мирзобой, Хуҷаҳо ва шаҳраки Каленинобод муштариёни аслии ин хонавода ҳастанд.

Нуралӣ Карим

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
1
+1
2
+1
1
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад