МУВАФФАҚИЯТАрзиши шаҳодатномаи муоинаи тиббӣ чӣ қадар аст?

Арзиши шаҳодатномаи муоинаи тиббӣ чӣ қадар аст?

-

Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ

Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол арзиши шаҳодатнома барои муоинаи тиббӣ аз 169 то 327 сомониро ташкил медиҳад.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дод, тибқи созишнома, барои мақоми ваколатдори Вазорати тандурустии Русия бояд биноеро вогузор кунанд. Ахиран ба ҳайате аз ҷониби Русия чанд бино аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Тибқи санҷишҳои онҳо, то охири моҳи июл онҳо бояд яке аз биноҳоро интихоб кунанд ва онро бо таҷҳизот таъмин намоянд. 

Ташхиси тиббӣ як талаботи асосӣ барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия аст.
Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Русия бо мақсади фаъолияти корӣ, ҳануз 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Ин созишнома дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  дар пайи аз 90 ба 30 рӯз кам кардани муҳлати гузаштани муҳоҷирон аз ташхиси тиббӣ, аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, то дар Ватан аз муоийнаи пизишкон гузаранд.
Ин ниҳод дирӯз, 17-уми июн гуфт, ки Русия муҳлати аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро аз 90 рӯз ба 30 рӯз кам кард ва ин тағйир аз 1-уми сентябр иҷро мешавад.
Тибқи ин тағйирот, ба гуфтаи манбаъ, муҳоҷироне, ки 30 рӯз дар ин кишвар мемонанд, бояд ҳар сол аз муоинаи тиббӣ гузаранд. То кунун муҳоҷирон ва хориҷиён, танҳо як маротиба аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд.
Намояндагӣ гуфтааст, ки дар сурати дар 30 рӯз аз муоина нагузаштан, муҳоҷирон аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима, аз Русия ба муҳлати аз 5 то 10 сол ихроҷ мешавад.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Арзиши билет барои қатора чӣ қадар аст?

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, нархи аслии билет барои вагонҳои плацкарт ё умумӣ 3389 сомонию 95 дирам аст. Агар...

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....
spot_imgspot_img

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад