МУВАФФАҚИЯТДар Италия аввалин маркази мубориза бо вобастагӣ аз технологияҳои...

Дар Италия аввалин маркази мубориза бо вобастагӣ аз технологияҳои рақамӣ таъсис дода мешавад

-

Дар шаҳри Флоренсияи Италия нахустин маркази махсусгардонидашуда барои пешгирӣ ва мубориза бо вобастагӣ аз технологияҳои рақамӣ ва истифодаи бошууронаи он таъсис дода мешавад.

Ин аввалин ташаббуси бонизом дар Италия ба ҳисоб меравад, ки ҳадафаш коҳиш додани таъсири манфии муҳити рақамӣ, махсусан ба ҷавонон аст.

Марказ пас аз анҷоми мавсими тобистон фаъолияти худро оғоз карда, асосан бо наврасону ҷавонони аз 10 то 25-сола кор хоҳад кард.

Дар он барномаҳои гуногун, аз ҷумла:

  • машваратҳои равонӣ ва иҷтимоӣ;
  • дарсҳои саводнокии рақамӣ;
  • машғулиятҳои касбомӯзӣ;
  • бозиҳои рӯимизӣ;
  • фаъолиятҳои эҷодӣ ва гурӯҳӣ ташкил карда мешаванд, то ҷавонон тавозуни байни зиндагии онлайн ва муоширати воқеиро нигоҳ доранд.

Ба гуфтаи масъули сиёсати ҷавонони Флоренсия Летисия Перини, технологияҳои рақамӣ қисми ҷудонашавандаи зиндагии наврасон гардидаанд, аз ин рӯ ҷомеа бояд онҳоро барои истифодаи дуруст ва мутавозини технологияҳо роҳнамоӣ кунад.

Ташаббускорон мегӯянд, ҳадафи онҳо манъ кардани истифодаи интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ нест.

Роҳбари ширкати Retesviluppo Эстер Макри мегӯяд, марказ ба ҷавонон кумак мекунад, то аз истеъмолкунандагони ғайрифаъоли муҳтавои рақамӣ ба шахсоне табдил ёбанд, ки вақти худро бошуурона идора мекунанд.

Дар баробари таъсиси чунин марказ, чанд кишвари Аврупо истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон маҳдуд мекунанд.

  • Фаронса аввалин кишвари Иттиҳоди Аврупо шуд, ки аз моҳи сентябр истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 15-сола манъ мекунад.
  • Британияи Кабир ният дорад барои наврасони 16 ва 17-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ «соати комендантӣ»-и шабона ҷорӣ кунад.
  • Юнон, Словения, Шветсия ва Испания низ маҳдудиятҳои монандро барои кӯдакони то 14 ё 16-сола баррасӣ доранд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад